Қадршиносии 56 собиқадорону мутахассисон

Қадршиносии 56 собиқадорону мутахассисон
Сентябр 10
15:06 2019

Бахшида ба 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Сарраёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтии вилояти Суғд як зумра собиқадорони соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ қадршиносӣ шуданд.

Ба ин муносибат дар маҷлисгоҳи Сарраёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фарматсевтии вилояти Суғд ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Сардори сарраёсати мазкур Илҳом Ҷабборов зимни баромади идона аз ҷумла иброз дошт, ки «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад».

Пасон ӯ дар бораи саҳми собиқадорони  бахши дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар пешрафти соҳа  ибрози андеша намуда, аз ҷумла  қайд намуд, ки фаъолияти меҳнативу зиндагии онҳо барои мутахассисони ҷавони соҳа намунаи ибрат буда, ғамхорӣ дар ҳаққашон аз вазифаҳои муқаддаси роҳбарияти ин соҳаи муҳими тандурустии кишвар маҳсуб мешавад.

Дар идомаи чорабинии идона дар вазъияти тантанавӣ  ба 56 нафар собиқадорону кормандони соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ Ифтихорномаву Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Аз номи собиқадорони меҳнат Аълочии тандурустии СССР, собиқ сардори Идораи дорухонаҳои вилояти Суғд Исохоҷа Каримхоҷаев ва мудири Озмоишгоҳи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят  Мӯъминҷон Қурбонов баромад карда, ба роҳбарияти Сарраёсати Хадамоти давлатии фаъолияти фармасевтии вилояти Суғд барои қадршиносии меҳнати хоксоронаашон арзи сипосу миннатдорӣ карданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 962
  • 1,242
  • 949,982