Суғд: 10590 кг маводҳои ороишию гигиенӣ нобуд карда шуданд

Суғд: 10590 кг маводҳои ороишию гигиенӣ нобуд карда шуданд
Сентябр 16
08:43 2019

Кормандони шӯъбаи назорати давлатии маводи ороишию гигиении Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд тайи 8 моҳи соли равон дар 118 мағозаю анбор ва дӯконҳои фурӯши маводи ороишию гигенӣ, ғизои кӯдакона ва обҳои минералии дорои хусусияти табобатию пешгирӣ дошта санҷиш гузарониданд.

Дар натиҷа аз 25 мағозаву дӯкон ва анборҳои зери санҷиш қарор гирифта 158 номгӯи маводҳои ороишию гигиении шубҳанокро барои муайян кардани таркибашон барои гузаронидани ташхис ба “Корхонаи воҳиди давлатии  Экспертиза ва озмоиши маҳсулоти фарматсевтию тиббӣ” интиқол дода шуданд.

-Мутаассифона, бо вуҷуди пеш бурдани корҳои ташфиқотию тарғиботӣ ва пешгирии маҳсулоти пастсифати ороишию гигиенӣ ҳанӯз ҳам ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби соҳибкорони алоҳида ба назар мерасад,-мегӯяд, сардори шӯъбаи мазкур Субҳиддин Ҳурматов.

Ҳамин тавр, аз 24 номгӯи маводҳои ороишию гигиении мӯҳлати истеъмолашон гузашта ва бе сертификати сифат ба миқдори 10590 кг дар партовгоҳи шаҳри Хуҷанд несту нобуд карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 737
  • 1,242
  • 949,757