ВМКБ: ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тиббӣ

ВМКБ: ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тиббӣ
Сентябр 18
09:06 2019

Бо дастгирии бевоситаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва созмону ташкилотҳои байналхалқӣ сохтмон, таъмир ва азнавсозии муассисаҳои таббобатию профилактикӣ дар вилояти мазкур барои соли 2019 ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ идома ёфта истодаанд.

Дар ин раванд бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони Беморхонаи замонавӣ дар шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон барои 70 кат ба маблағи 22 миллиону 778 ҳазор сомонӣ идома ёфта истодааст. Ба ҳолати ҳозира корҳои  сохтмонӣ дар иншооти мазкур ба андозаи 2 миллиону 661 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шудаанд. Дар соли ҷорӣ барои идома додани корҳои сохтмонӣ 300 ҳазор сомонӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин, сохтмони бинои нави Шабакаи ёрии таъҷилии шаҳри Хоруғ бо дастгирии МИМҲД-и вилоят ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2 миллиону 779 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида  шуда, бо таъҷизотҳои муосири тиббӣ ва асбобу анҷоми корӣ таъҷизонида шуд. Дар баробари ин, муассисаи мазкур бо 2 адад мошини ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER таъмин гардида, он бо иштироки Раиси вилоят дар маросими тантанавӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дар идомаи бунёдкориҳо барои сохтмони Коллеҷи тиббии замонавӣ бо толори варзишӣ  барои 240 донишҷӯй ва  хобгоҳ барои 70 ҷой дар маҳаллаи Бар Хоруғ бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дирексияи сохтмони иншоотҳои назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 12 млн. 300 сомонӣ ҷудо гардида, дар соли ҷорӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри идома додани корҳо 5 миллиону 500 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Инчунин, таъмири толори ҷарроҳӣ ва Озмоишгоҳи клиникии Беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозаи 1 миллиону 567 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, корҳои сохтмонӣ ба андозаи 1миллиону 487 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, корҳои сохтмонӣ идома ёфта истоданд. Сохтмони бинои  нави беморхонаи минтақавии Вранг бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 6 миллиону 300 ҳазор  сомонӣ  оғоз  гардида, дар соли ҷорӣ барои идома додани корҳои сохтмонӣ 600 000 сомонӣ ҷудо гардидааст. Таъмири асосӣ ва сохтмони марказҳои саломатии ҷамоати деҳоти Вранг ба маблағи 1 миллиону 360 ҳазор сомонӣ  ва Маркази саломатии Зонги ноҳияи Ишкошим ба маблағи 1 миллиону 415 ҳазор сомонӣ  бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ идома ёфта истодааст.

Дар доираи дастгирии лоиҳаи  “Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ” барои марказҳои номбурда 2 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ дастрас гардонида шуд. Барои беморхонаи минтақавии Вранг нақлиёти ёрии таъҷилии тамғаи Тауота LAND-CRUSER бо дастгирии Сафорати Амрико ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилоят таъмин гардонида шуд. Ҳамзамон, моҳи феврали соли ҷорӣ 7 адад нақлиёти НИВА ВАЗ 2014 ва як адад нақлиёти боркашонии махсусгардонидашуда аз ҳисоби ГАВИ дастрас гардида, дар нақшаи вазорат иловатан харидории 7 адад нақлиёти ёрии таъҷилӣ (Амбуланс) аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар нақшаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи таъмири муассисаҳои эҳтиёҷотдоштаи дигари ноҳияҳои вилоят, аз он ҷумла ноҳияҳои  Рӯшон, Шуғнон, Ишкошим, Роштқалъа, Мурғоб ва шаҳри  Хоруғ дар назар аст ва то охири сол амалӣ хоҳанд гашт.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 920
  • 1,242
  • 949,940