Омодагӣ ба форуми сатҳи баланд

Омодагӣ ба форуми сатҳи баланд
Сентябр 18
15:11 2019

Имрӯз, 18 сентябри соли равон дар Муассисаи давлатии “Душанбе Плаза” ҷаласаи машваратии  Кумитаи тадорукоти Форуми байналмилалӣ оид ба солимгардонӣ ва тавонбахшии маъюбон, ки  18 окятбри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баргузор гардид.

Дар кори  ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Шодихон Ҷамшед, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат Қудратулло Қурбонов, сардори бахши хизматрасонии иҷтимоии раёсати мазкур Фахриддин Юсуфзода, намояндагони як қатор созмон ва ташкилотҳои байналмилалӣ,  вазорату идораҳо, муассисаҳои марбутаи соҳа ва дигар намояндагони  вазорат иштирок намуданд.

Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, оид ба масъалаҳои ҷории нишаст ибрози андеша намуд.

Пасон Қудратулло Қурбонов, сардори Раёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолии вазорат оид ба вазъи пешниҳоди маърӯзаю презентатсияҳо аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ баромад намуд.

Дар охири ҷаласаи мазкур махсус таъкид гардид, ки бояд мақомот ва ташкилоту созмонҳои марбута то  замони муқарраргардида маърӯзаҳои худро ба котиботи форум пешниҳод намоянд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 916
  • 1,242
  • 949,936