КАТС-и Кӯлоб: ҳадаф хизматрасонии хушсифат аст

КАТС-и Кӯлоб: ҳадаф хизматрасонии хушсифат аст
Октябр 02
09:27 2019

Агар хоҳӣ бубинӣ рӯи дармон,

Макун дард аз табиби хеш пинҳон.

Муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Кӯлоб супоришҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сармашқи кори худ намуда, баҳри хизматрасонии тиббии аҳолӣ шабу рӯз омода ҳастанд. Беҳуда нагуфтаанд, ки «саломатии мардум боигарии давлат аст». Бо ҳамин мақсад кормандони КАТС-и шаҳри Кӯлоб доимо талош бар он доранд, ки солимии мардум доимо таъмин бошад.

Соҳаи тандурустӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок барои беҳбудии саломатии аҳолӣ, махсусан мардуми деҳот ба ҳисоб меравад. Дар давраи солҳои 2014-2019 аҳолии 4 ҷамоати деҳот аз 86643 нафар ба 110907 нафар афзоиш ёфт. Яъне ин давра аҳолии 4 ҷамоати шаҳри Кӯлоб 24264 нафар зиёд шуд. Ба ин миқдор аҳолӣ 1 адад маркази саломатӣ ва 10 адад марказҳои саломатии деҳотӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Шумораи бунгоҳҳои тиббӣ бошад, аз 35 адади соли 2014 ба 39 адад дар соли 2019 расонида шуд. Агар дар соли 2014-ум 19 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва 252 нафар кормандони миёнаи тиб ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасониданд, пас соли 2019 шумораи табибон ба 32 нафар ва кормандони миёнаи тиб ба 441 нафар расонида шуд. Дар ин давра шумораи табибон 13 нафар ва кормандони миёнаи тиб 189 нафар зиёд карда шуд. Таъминоти аҳолӣ бо табибон соли 2014-ум 2,0 ба 100 ҳазор аҳолӣ ва кормандони миёнаи тиб 29 нафар ба 100 ҳазор аҳолӣ рост меояд. Соли 2019 ин рақамҳо 3 нафар табиб ва 4 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба 10 ҳазор нафар рост меояд.

Мақсади асосии кормандони соҳаи тандурустии деҳоти Кӯлоб — ин баланд бардоштани солимии аҳолӣ буда, ҳадафи асосии он дастрас намудани тамоми хизматрасониҳои хушсифати тиббӣ ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Бо ин мақсад соли 2014 бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ тариқи ҳашар 2 адад бунгоҳи тиббии замонавӣ дар маҳаллаҳои Гулзор ва Ёхсучиёни ҷамоати деҳоти Даҳана сохта ба истифода дода шуданд. Шумораи бунгоҳҳои тиббӣ ба 35 адад расонида шуд. Соли 2016 аз ҳисоби маблағҳои буҷаи маҳаллӣ барои таъмири муассисаҳои табобатӣ 203 ҳазору 850 сомонӣ, соли 2017-ум 187 ҳазору 200 сомонӣ, соли 2018-ум 120 ҳазор сомонӣ ва дар давоми 6 моҳи соли 2019-ум 50 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуда, истифода бурда шудааст.

Бояд қайд кард, ки аз ҳисоби соҳибкорон соли 2018 ба маблағи 40500 сомонӣ як адад бунгоҳи саломатӣ бо тамоми таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон дар маҳаллаи Корези боло сохта ба истифода дода шуд. Сохтмони як адад бунгоҳи тиббӣ дар маҳаллаи Баҳористони ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба охир расида, муассиса бо тамоми таҷҳизоти тиббӣ таъмин гардидааст. Маблағи умумие, ки дар сохтмон ва таъмини таҷҳизот соҳибкор сарф намудааст, 411000 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Шумораи бунгоҳҳои тиббии ҳудуди деҳоти Кӯлоб ба 40 адад расонида шудааст.

Бо мақсади азнавсозӣ аз хонаҳои истиқоматӣ, мактаб ва аз бошишгоҳҳои саҳроӣ баровардани бунгоҳҳои тиббӣ соли 2018 ба таври ҳашар бунгоҳи тиббии маҳаллаи Сариосиёби ҷамоати деҳоти Зарбдор аз нав сохта шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардида, аввали соли 2019 бунгоҳи тиббӣ аз мактаб бароварда шуд. Сохтмони бунгоҳи тиббии маҳаллаи Файзободи болои ҷамоати деҳоти Зарбдор, ки дар мактаб ва бунгоҳи тиббии маҳаллаи Пахтакор, ки дар хонаи истиқоматӣ ҷойгир кунонида шудаанд, дар нақша аст. Инчунин, сохтмон ва аз бошишгоҳи саҳроӣ баровардани бунгоҳи тиббии маҳаллаи Файзободи ҷамоати деҳоти Даҳана давоми соли 2019- 2021 ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, азнавсозии маркази саломатии деҳоти Хатлон ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ, ки аз ҳисоби буҷети вилоятӣ давоми солҳои 2016-2018 ба нақша гирифта шуда буд, аз сабаби ҷудо нагардидани маблағ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ дар соли 2019 ба нақша гирифта шудааст.

Барои гузаронидани чорабиниҳои пешгирӣ дар шаҳр маркази зиддисилӣ ва маркази мубориза зидди бемориҳои ВНМО фаъолият доранд.

Маъмурияти муассисаҳои КАТС-и шаҳри Кӯлоб вобаста ба иҷроиши барқияномаи Раёсат аз 30.07.2019 таҳти №812 дар асоси дастуру супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.07.2019 таҳти №34\34-30 ба 179 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон амалёти хатна гузаронидаанд, ки маблағи хизматрасонии ройгон 8055 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, 61 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд ба таври ройгон аз муоинаи тиббӣ гузаронида шудаанд, ки маблағи он 6039 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамагӣ ба маблағи 14094 сомонӣ дар маркази саломатии ноҳия фарзандони оилаҳои ниёзманд аз хатна ва муоинаи тиббӣ ба таври ройгон гузаронида шудаанд.

Шумораи марказҳои саломатии ноҳиявӣ 1 адад, шумораи марказҳои саломатии деҳотӣ 10 адад ва шумораи бунгоҳҳои тиббӣ 28 ададро ташкил мекунад. Аз соли 2014 то ба имсол дар шаҳри Кӯлоб шумораи бунгоҳҳои тиббӣ се адад зиёд карда шуд.

— Абдулманон Одинаев — табиби асабшинос, Саидмуъмин Қурбонов — табиби тиби оилавӣ, Ғаффорхуҷа Мирзоев — табиби амрози даруна, Муҳаммад Мирзоев — табиби дандон, Амирҷон Расулов — табиби гӯшу бинӣ ва гулӯ устодони касби худ буда, дар байни сокинони шаҳри Кӯлоб сазовори обрӯ ва эҳтироми махсус ҳастанд. Ҳамчунин, аз ҷониби кормандони КАТС-и Кӯлоб дар пайи кабудизор кардани роҳраву атрофи марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ зиёда аз 2000 ниҳолҳои нав шинонида шуданд. Бахшида ба 30-солагии соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷуз бинои асосии Маркази саломатии ноҳиявӣ 10 бунгоҳи тиббӣ ва 3 маркази саломатии деҳотиро аз таъмири пурра баровардем. Инчунин, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ се бунгоҳи тиббӣ ба таври пурра азнавсозӣ шуда, бо таҷҳизоти нав таъмин гардиданд. Ҳоло бошад, дар як бунгоҳи тиббии дигар сохтмон идома дорад. Дар рӯзи кормандони тиб ва рӯзҳои иди соҳибистиқлолии кишвар, ҷашни Наврӯз аз ҷониби иттифоқҳои касабаи муассиса собиқадорони соҳа ҳар сол даъват шуда, ҳавасманд гардонида мешаванд,- мегӯяд роҳбари муассисаҳои КАТС-и шаҳри Кӯлоб Р. Талбов.

 

С. ХАЛИЛИЁН,

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 949
  • 1,242
  • 949,969