Камбудиҳоро бояд бартараф намуд!

Камбудиҳоро бояд бартараф намуд!
Октябр 02
15:18 2019

Зимни як занҷиши кормандони Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бинобар риоя накардани қоидаҳои тамизгардонӣ ва санитарию эпидемиологӣ  фаъолияти 10 муасисаҳои табобатию профилактикӣ ва кошонаҳои ҳусн муваққатан қатъ  карда шуд.

Тавре дар ин бора Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Маҳмадҷон Абдулқодирзода ба moh.tj хабар дод, санҷишҳои назоратӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ новобаста аз шакли моликият ва тобеъият, инчунин, дар ҳуҷраҳои дандонпизишкии хусусӣ ва кошонаҳои ҳусни шаҳрҳои Бохтар, Левакант, Норак ва ноҳияҳои Кушониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Ҷайҳун, Ёвон, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Қубодиён ва Шаҳритуз гузаронида шуд.

“Дар рафти санҷиш камбудиҳо, аз ҷумла риоя накардани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, тамизгардонӣ, истифодаи дастгоҳҳои тамизгардонии соли бароришашон номаълум, аз курсҳои махсус нагузаштани мутахассисони тамизгар, риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ошкор карда шуданд”,-илова намуд Сардори Сарраёсати мазкур.

Ҳамин тавр, ба хотири роҳ додан ба камбудиҳои болозикр нисбати 21 нафар масъулини муассисаҳои марбута парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Бо мақсади ба бозомӯзӣ фаро гирифтан 11 нафар мутасаддиёни ҳуҷраҳои тамизгардонӣ ва корманони кошонаҳои ҳусн ба филиали Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони соҳаи тиб дар шаҳри Бохтар равон карда шуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 10
  • 982
  • 1,242
  • 950,002