Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ баргузор гардид (АКС)

Ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ баргузор гардид  (АКС)
Октябр 04
07:49 2019

3 октябри соли равон бо ташаббуси ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба  масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ  баргузор гардид, ки дар кори он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев, директори генералии Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон Шайхиев Сайн Саинович  ва иҷрокунандаи муовини директори генералии маркази мазкур Дамир Раҳметов иштирок намудаанд.

Ҷаласаро Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки «рақамикунонии соҳаи тандурустӣ барои таъмин ва  дастгирии пурарзиши иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мониторинги вазъи саломатии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ равона шудааст. Он маълумоти дақиқ, саривақтӣ, ба таври кофӣ тақсимшударо дастрас ва барои истифодабарандагон мувофиқ таъмин мекунад».

Насим Олимзода, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рақамикунониро яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷаи пешрафти фаъолияти худ қарор дода, як зумра чорабиниҳоро дар доираи тадбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 амалӣ менамояд. Дар оянда дар асоси таҷриба ва хулосаи бадастомада амалинамоии чорабиниҳои мақсаднок дар раванди таҳкими ҳуҷҷати нави «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ ва некӯаҳволии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030» пешбинӣ гардидааст.

Муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Абишев  зимни баромади хеш оид ба афзалиятҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ  ба ҳозирин маълумоти муфассал дод.

Бино ба гуфти  роҳбари ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» Манижа Муҳаммад  “ин аввалин вохӯрии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ мебошад, ки ба  масъалаҳои рақамикунонии соҳаи тандурустӣ равона шудаст. Мақсади ҷаласаи ин Шӯро баррасии қадамҳои нахустин  дар соҳаи рақамикунонии тандурустӣ ва дигар соҳаҳо мебошад. Имрӯз ба он хотир намояндагон аз Қазоқистон даъват карда шудаанд, ки соҳаи тандурустӣ дар ин ҷумҳурӣ пурра рақамӣ гардидааст. Мо низ ният дорем, ки соҳаи тандурустии Тоҷикистонро пурра рақамӣ гардонем».

Зикр гардид, ки солҳои охир вобаста ба ҷорӣ намудани системаҳои гуногуни иттилоотӣ дар муассисаҳои тиббии шаҳрҳо ва минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи маълумоти мавҷуда васеъ шуда, сифати онҳо беҳтар шуда истодааст.

Маврид ба ёдоварист, ки идораи рақамисозии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти роҳбарии ӯ соли 2018 ҳамчун беҳтарин идораи рақамӣ эътироф карда шуд. Солҳои охир таҳти роҳбарии  Олжас Абишев кишвари Қазоқистон 100% татбиқи системаҳои иттилоотии тиббиро таъмин намуд ва ҷараёни гузариш ба идоракунии боэътимоди маълумотҳои тиббӣ оғоз ёфт.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Харитаи роҳ” -ро барои татбиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба такмил додани системаи иттилоотии идоракунии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020 ва барои татбиқи аввали он, инчунин рушди трансформатсияи рақамии соҳаи тандурустӣ таҳия кардааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2018 бо ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» оид ба рушди ҳукумати электронӣ, табдилдиҳии рақамӣ ва телемедицина созишнома ба имзо расонид ва ҳамкорӣ тибқи модели шарикии давлат ва бахши хусусӣ рушд меёбад. Моҳи августи соли 2019 ҶДММ «Сифат Иннотех Инвест» бо Маркази ҷумҳуриявии саломатии электронии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳумро ба имзо расонид ва дар якҷоягӣ бо вазорати ин кишвар ташкил ва дастгирии Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравиро оғоз кард.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,038
  • 1,242
  • 950,058