Таҳти унвони «Ғизо дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи рушди миллӣ дар давраи то соли 2030” форум баргузор гардид

Таҳти унвони «Ғизо дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи рушди миллӣ дар давраи то соли 2030” форум баргузор гардид
Октябр 11
12:49 2019

10-11 октябри соли равон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи миллии Тоҷикистон 6-умин Конгресси педиатрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ташаккули солимии кӯдакон дар шароити тибби муосир ва 3-юмин Форуми «Ғизо дар чорчӯбаи татбиқи Стратегияи рушди миллӣ дар давраи то соли 2030” форум  баргузор гардид.

Дар кори  Конгресс муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, Президенти Федератсияи педиатрҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Узакбаев К.А., Намояндаи Хазинаи кӯдакони ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Л. Калестинӣ, намояндагони сатҳи баланди соҳа аз кишварҳои Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Украина, Молдова, Беларус ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Саида Умарзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конгресси мазкурро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла иброз намуд, ки ғизои солим талаботи зарурӣ барои рушди миллӣ ва беҳбудии аҳолӣ мебошад.

-Моҳияти ин масъаларо ба назар гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар афзалиятҳо масъалаи “Амнияти ғизо ва ғизои солим”-ро ҳамчун вазифаи стратегӣ эълон намудааст,-афзуд ӯ.

Пасон намояндагони сатҳи баланди соҳа аз кишварҳои болозикр суханронӣ  намуда, баҳри ташкил ва баргузории чунин як чорабинии муҳим миннатдории хешро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иброз намуданд.

Дар доираи татбиқи «Стратегияи оид ба ғизо ва фаъолияти ҷисмонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2024» (с.2014), «Консепсияи рушди ғизои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (с.2015) ва «Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2027» (с. 2017) корҳои зиёд анҷом дода шудаанд. Дар ду соли охир барнома оид ба ғизои мактаббачагон дар 50 мактабҳои таҷрибавӣ мутобиқи нақшаи стратегия то соли 2020 тамоми ошхонаҳо аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизотҳои зарурӣ ҷиҳозонида мешаванд.

Ҳолати воқеъиро ба назар гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2013 аъзои Ташкилоти ҳаракати глобалии васеъшавии ғизо “SUN” гардида, Шӯрои ҳамоҳангсозии байнисоҳавӣ фаъолият дорад. Дар ин раванд ду Форумҳои байнисоҳавӣ дар мавзӯъҳои “Ғизо – калиди рушди устувор”, “1000 рӯзи тиллоии ҳаёт – асоси рушди миллат” солҳои 2016 ва 2017 гузаронида шуда, дар он 147 нафар иштирок намуданд ва резолютсияи дахлдор қабул шуда буд.

Ғанигардонии маҳсулоти хӯрокворӣ як роҳи самаранок ҷиҳати коҳиш додани норасогии микроэлементҳои ғизоӣ мебошад. Дар ин ҷода, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории ғанигардонидашуда” (аз 19.07.2019, №1635) қабул гардид.

Дар нақша ҳаст, ки то охири сол Стратегияи коммуникатсионӣ ва Нақшаи “1000 рӯзи тиллогии аввали ҳаёт” таҳия гардида, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 1,149
  • 1,242
  • 950,169