Як гурӯҳ нейрохирургон аз кишварҳои Белгия, Голландия ва Швейтсария тибқи шартнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
Мақсад аз ташрифи ҷарроҳони хориҷӣ табодули таҷриба бо ҷарроҳони тоҷик ва густариш додани ҳамкориҳо дар соҳа мебошад.
Нейрохирургон доктор Антон Лукеш, профессор Томаш Меновски, ҳамшираи ҷарроҳ Ольга Крауз, анестизиолог Кристиан Реликс имрӯз, 22 октябр дар шӯъбаи ҷарроҳии асаби кӯдаконаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон–«Шифобахш» бо ширкати ҷарроҳони ватанӣ амалиёти ҷарроҳии гирифтани омоси майнаи сарро ба бемор Зоирова Бибиоишаи 7 сола, сокини шаҳри Турсунзода гузарониданд.
Корманди Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Шоҳсаидов дар амалиёти ҷарроҳии мазкур иштирок намуд. Аксҳои зер аз ҷараёни амалиёти ҷарроҳии мазкур гирифта шудаанд…
Маврид ба ёдоварист, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо якчанд кишварҳои олам барои табодули таҷрибаи кормандони соҳаи тиб шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, ки мутахассисони баландихтисос аз кишварҳои гуногун ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, ба беморон амалиётҳои ҷарроҳии ройгон мегузаронанд.