«Корвони саломатӣ» дар вилояти Хатлон

«Корвони саломатӣ» дар вилояти Хатлон
Октябр 24
13:37 2019

Иқдоми ҳарсолаи «Корвони саломатӣ» дар ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон ҷараён дорад. Он 8 октябр оғоз ёфта, 2 ноябр ба анҷом мерасад. 

Бино ба иттилои Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, мутахассисони баландихтисоси тиббии «Корвони саломатӣ» аллакай  ба ноҳияҳои Темурмалик, Восеъ, Фархор, Қубодиён, Панҷ, Шаҳритус ва инчунин ноҳияи Ҳамадонӣ сафар карданд. Имрӯз табибон дар ноҳияи Ҷомӣ қарор доранд.

Дар маҷмӯъ 17 нафар кормандони ихтисосҳои гуногуни тиббӣ дар ин иқдом ширкат мекунанд. Ҳамаи хоҳишмандон метавонанд аз хидматҳои духтурони асабшинос, кардиолог, гинеколог, терапевт ва педиатр истифода баранд. Аз ҷумла, барои аҳолӣ ташхиси ултрасадо, рентген, маммография, гузаштани кардиограмма ройгон анҷом дода шуда, инчунин маслиҳату машваратҳо дода мешаванд.

Ҳар як мутахассиси ботаҷриба дар як рӯз то 100 нафарро қабул мекунад.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи иқдоми «Корвони саломатӣ» — ин дастрас намудани хизматрасонии тиббии баландсифат ба сокинони минтақаҳои дурдаст мебошад. Он барои ёрӣ расондан ба аҳолӣ баҳри ошкор кардани бемориҳои эҳтимолӣ ва таъйин намудани табобати саривақтӣ равона шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 960
  • 1,242
  • 949,980