ИМА: тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи хориҷӣ

ИМА: тақвияти ҳамкориҳо бо созмонҳои бонуфузи хориҷӣ
Октябр 31
09:31 2019

 

Тавре қаблан иттилоъ додем, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон Бекмуродзода дар  пойтахти ИМА шаҳри Вашингтон қарор доранд.

Дар ҷараёни ин сафар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Фонди глобалии маблағгузорӣ Муҳаммад Али Пате ва Роҳбари Котиботи GFF Моник Владдер вохурӣ намуд.

-Соли равон нишондиҳандаи сармояи инсонии Тоҷикистон 0,53-ро ташкил намудааст. Барои беҳтар намудани саломатии мардуми мо ва ҳамчунин  баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидан лозим аст. Вале, ин кори осон нест. Дар назди мо вобаста ба беҳтарсозии иммунизатсия, саломатии ҳамҷониба ва рушди кӯдакон, парастории ҳомиладорон, ғизои солим, беҳтарсозии шароити санитарию гигиенӣ ва ғайра вазифаҳои зиёде ҷиҳати иҷро қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои олии худро барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати  зиндагии мардум эълон дошта, фаъолияти худро ба ҳалли масъалаҳое, ки дар Стратегияи миллии рушд пешбинӣ шудаанд, равона намудааст, ки рушди иқтисодӣ, тақвияти сармояву иқтидори инсонӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ, рушди бахшҳои хусусӣ ва ғайраро фаро мегирад, – афзуд зимни мулоқот Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Фонди глобалии маблағгузорӣ 12 миллион доллар маблағи иловагии дуввум баҳри васеъ намудани Лоиҳаи беҳбуди хизматрасониҳои тиббӣ ҷудо карда  хоҳад шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 963
  • 1,242
  • 949,983