Дар Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Президент маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаи тантанавиро Маҳмадҷон Абдулқодирзода, Сардори Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки маҳз хизмат ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ба чунин рӯзҳои нек расидем. “Ҳар яки мо медонем, ки солҳои 90- уми асри гузашта кишвари мо чӣ мушкилиҳоро аз сар гузаронид. Дар он рӯзҳои вазнин фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 1992 дар Сессияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти роҳбарии кишварро ба уҳда гирифтанд. Ва аввалин суханашон ин буд: “ман ба Шумо сулҳ меоварам”. Ин марди бузург ба қавли додаи худ вафо намуда, миллати тоҷикро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшиданд”- афзуд ӯ.
Номбурда ҳамзамон дар идомаи суханронии хеш гуфт: “нафароне, ки шоҳиди он ҳодисаҳои нангин ҳастанд, нағз медонанд, ки вазъият дар кишвар чӣ гуна буд. Он замон ҳеҷ кас бовар намекард, ки як ҷавоне метавонад кишварро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ берун кашад ва миллатро сарҷамъ намояд.
Хушбахтона, бо шарофтаи ин фарзанди фарзона миллати тоҷик соҳиби давлати мустақил гардид, ки он бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ шуҳрат дорад.
Ҳамзамон, дар ҷаласа махсус қайд гардид, ки мо бояд ба қадри заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем. Ҳар яки мо, аз хизматчии давлатӣ сар карда, то шаҳрванди оддӣ бояд дастуру супоришҳои Пешвои муаззами милллатро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри пешрафту ободии Ватани азизамон заҳмат бикашем. Шукронаи сулҳу ваҳдат намоем. Нагузорем, ки ҳеҷ як нохалафе пой бар хоки кишвари азизи мо гузошта, зиндагии осоиштаамонро халалдор созад.
Инчунин, дар рафти ҷаласа чанд нафар аз собиқадорони соҳа ба минбари сухан баромада, аз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани ҳукумати қонунӣ ва сарҷамъ намудани миллати тоҷик ибрози андеша намуда, ҷавононро ба хизмати софдилона ба миллату ватани хеш даъват намуданд.
Воқеан, маҳз дар пайи амалӣ гардидани сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик имрӯз зери осмони софу беғубор кору фаъолият намуда истодаанд. Бинбар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки ба қадри ин оромиву осоиштагӣ бирасем ва баҳри пойдории он талош намоем.