“Иттиҳодияи табибони ҷавон” фаъолияти худро бо баргузор намудани мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президент оғоз намуд

“Иттиҳодияи табибони ҷавон” фаъолияти худро бо баргузор намудани мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президент оғоз намуд
Ноябр 16
13:17 2019

Бо ташаббуси  ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи  иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президент дар мавзӯъи “Ташаббусҳои орифонаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари миллат” мизи мудаввар баргузор гардид.

Роҳбари навтаъсиси ташкилоти ҷамъиятии “Иттиҳодияи табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Бобоҷон  Сафаралиев дар мавзӯъи “Ташаббусҳои орифонаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифгари миллат” баромад  намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки имрӯзҳо мо мардуми саодатманди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми таҷлили 2 санаи фархундаву ҷовидонии миллат, ки дар таърихи давлатдории навини кишвар бо хатҳои заррин сабт гардидаанд, қарор дорем. Ин санаҳои муҳими тақдирсоз таҷлили бошукӯҳи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

-Агар ба таърихи   28 соли соҳибистиқлолии ватани азизамон назар афканем, шоҳиди он мегардем, ки   16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон марди оқилу дурандеш ва фидоии миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Ин марди наҷибу дурандеш аз минбари Иҷлосияи мазкур бовиқорона ва дилпурона иброз доштанд, ки “ман ба Шумо сулҳ меорам ва дар ин роҳ лозим шавад ҷони ҷавони хешро дареғ намедорам”. Хушбахтона, Пешвои маҳбуби миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ваъдаи хеш вафо кардаву бо ирода ва хиради азалии  мардуми тамаддунофари тоҷик ба ин сарзамин сулҳи деринтизорро насиб оварданд. Дар ин маврид гуфтан ҷоиз аст, ки агар Иҷлосияи  16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми шарафманди тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя карда бошад, бо шарофати ин марди наҷиб ба Тоҷикистони биҳиштосо сулҳу ваҳдат ва якдиливу якмаромӣ ҳамчун ҳадяи яздонӣ ҳукмфармо гашт. Ҳақ бар ҷониби шоир аст, ки фармуда:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Кӣ тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат Худо коре надорад,

Кӣ деҳқонаш барои дигарон кишт.

Дар ҷараёни мизи мудаввар аъзоёни ташкилоти мазкур дар васфи Пешвои миллат бо порчаҳои шеърӣ ва маърузаҳо баромад намуданд.

Қобили зикр аст, ки ташкилоти  ҷамъиятии “Иттиҳодияи  табибони ҷавон” дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар таъсис дода шуда, мақсад ва ҳадафҳои он  дастгирии табибони ҷавон, баланд бардоштани мақому мартабаи ин қишри ҷомеа дар байни мардум,  муаррифии дастовардҳои соҳаи тандурустии  мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 950
  • 1,242
  • 949,970