Марказҳои иммунопрофилактика соҳиби нақлиёт гардиданд (АКС)

Марказҳои иммунопрофилактика соҳиби нақлиёт гардиданд  (АКС)
Ноябр 28
14:49 2019

Имрӯз, 28 ноябри соли равон дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади боз ҳам пурзӯр намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустии ноҳияҳои Дӯстӣ, Ховалинг, Балҷувон ва Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон, инчунин ноҳияи Рӯдакӣ дар доираи татбиқи Лоиҳаи Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатия “Устувор намудани соҳаи тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”  5 адад нақлиётҳои сабукрави тамғаи “ВАЗ 21214” -ро ба воситаи Намояндагии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба марказҳои иммунопрофилактикаи  ноҳияҳои мазкур харидорӣ ва дастрас гардонида  шуд.

Дар маросими супоридани нақлиётҳои мазкур муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Мирҳамуддин Камолзода, ёрдамчии вазир Дилором Содиқова, Директори  Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Азизов Зафарҷон,  роҳбарони марказҳои иммунопрофилактикаи ноҳияҳои болозикр ва намояндагони ВАО  иштирок намуданд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қабл аз супоридани нақлиётҳо дар назди ҳозирин суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки афзалияти калидии сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солимии аҳолӣ мебошад. Мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сироятҳо ба воситаи иммунизатсия идорашаванда яке аз самтҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ ба ҳисоб меравад. Дар баробари ин, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо хеле самаранок ва нисбатан арзон буда, бо ин роҳ сатҳи бемориҳои сироятӣ тавассути иммунизатсияи мунтазам паст карда мешаванд.

– Новобаста аз он, ки дар мубориза ва пешгирии бемориҳои сироятӣ пешравиҳои назаррас ба қайд гирифта шудаанд, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои профилактикӣ бояд мунтазам, сифатнок ва бо истифода аз усулҳои муосири соҳа амалӣ шаванд. То ҳол эҳтимолияти хатари хурӯҷи бемориҳои сироятӣ ба пуррагӣ аз байн бурда нашудааст. Бо назардошти  мавҷудияти ин хатар зарурияти мунтазами роҳбарикунӣ, таъминоти устувории молиявӣ барои харидории ваксинаҳо ва маводҳои иммунизатсионӣ, ташкили назорати босифати эпидемиологӣ аз рӯи бемориҳои дар таҳти назорат буда, бурдани ташфиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ оид ба моҳияти иммунизатия аз байн нарафтааст,-афзуд номбурда.

Қобили зикр аст, ки дар доираи “Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» барои таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар, пешгирии пайдоиш ва паҳншавии бемориҳои сироятии бо ваксина идорашаванда, аз байн бурдани хатари такроршавии хурӯҷи бемории фалаҷ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, устувор нигоҳ доштани мақоми “Давлати озод аз бемории фалаҷ”, баланд бардоштани дастрасӣ, сифатнокӣ ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ, беҳтар намудани саломатии модарону кӯдакон, пурзӯр намудани кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 955
  • 1,242
  • 949,975