Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии ин муассиса ҷаласаи Шӯрои олимон доир гардид

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон бахшида ба 80-солагии ин муассиса ҷаласаи Шӯрои олимон доир гардид
Ноябр 29
10:21 2019

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бахшида ба 80-солагии ин муассисаи таълимӣ ҷаласаи Шӯрои олимон доир гардид. Дар кори он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода иштирок намуданд.

Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Маҳмадшоҳ Гулзода устодону донишҷӯёнро ба муносибати ин сана муборакбод намуда, зикр намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мактаби бузурги табибони миллӣ маҳсуб мешавад.

«Бояд гуфт, ки Донишгоҳи тиббӣ дар тӯли фаъолияти худ ба дастовардҳои назарраси илмӣ шарафёб гардидааст. Солҳои 70- 80 уми асри гузашта донишгоҳ шуҳрати байналмилалӣ касб карда, на фақат барои мамлакат, балки барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб ба дигар давлатҳо нақши босазо гузоштааст»,- гуфт М. Гулзода.

Ба зикри номбурда, Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади таҳкими заминаҳои моддиву техникии донишгоҳ «Барномаи рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистонро барои солҳои 2006-2015» қабул намуд, ки он бо натиҷаи хуб ба анҷом расид. Ин марҳила давраи барқарорсозии ҷараёни таълим ва фароҳам овардани шароити мусоид ба корҳои илмиву тадқиқотӣ арзёбӣ мегардад.

Соли 2016 оғози марҳилаи нави рушди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон арзёбӣ шуда, Стратегияи рушди донишгоҳ то соли 2025 таҳия ва панҷ ҳадафи стратегии он муайян гардид. Баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ тайи 3 соли охир бинои сохмонаш нотамоми таълимии донишгоҳ бунёд ва ба истифода дода шуд. Дар натиҷа донишгоҳи мазкур соҳиби 2 бинои таълимии замонавӣ дар ҳаҷми зиёда аз 5 ҳазору 500 метри мураббаъ гардид.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода сухан карда, паёми табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати 80-солагии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ироа намуд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода, аз ҷумла иброз дошт, ки «дар ҷомеаи имрӯзаи мо табибон мақоми баланд доранд. Зеро онҳо барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, тарзи ҳаёти солим ва пешгирии бемориҳои гуногун заҳмат мекашанд, ки ин анъанаи нек аз ниёгони мо мерос мондааст».

Зикр гардид, ки халқи тоҷик дар масири таърихи тӯлонии худ даҳҳо нобиғаҳоеро ба воя расонидааст, ки онҳо барои пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими илм ва амалияи он садҳо асарҳои нодир офаридаанд. Ва асарҳои гузаштагони мо дар тӯли асрҳои зиёд ҳамчун дастури амалии табибони мамлакатҳои ҷаҳон хизмат кардаанд. Осори гаронбаҳои Абӯалӣ ибни Сино, ки Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон номи ӯро дорад, намунаи олии мактаби тиббии миллати мо ба шумор меравад.

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон аз соли 1939 то имрӯз дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиб нақши калидӣ дорад. Дар ин давра донишгоҳро беш аз 43 ҳазор нафар хатм кардаанд, ки онҳо на фақат дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он фаъолият намуда, шаъну эътибори ин муассисаи олии касбиро баланд мебардоранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 36
  • 768
  • 1,242
  • 949,788