Маъюбон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд

Маъюбон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд
Декабр 04
07:18 2019

«То андозае, ки мо барои мустаҳкам намудани ҳуқуқи маъюбон кӯмак менамоем, мо ба ваъдаи асосии Рӯзнома то давраи соли 2030, яъне ягон нафарро бе таваҷҷӯҳ нагузоштан, наздик мешавем».

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш

3 декабр-Рӯзи байналмилалии маъюбон аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ тибқи Қатъномаи 47/3 аз 14 октябри соли 1992 бо мақсади ҷалб намудани таваҷҷӯҳ ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбӣ ва некӯаҳволии онҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт муқаррар карда шуда буд.

Айни ҳол 175 кишвар дар саросари ҷаҳон давлатҳои аъзои Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон мебошанд ва 160 кишвар онро ба имзо расонидааст.

Маврид ба ёдоварист, ки 7-июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нақшаи миллии амалҳо оид ба иҷрои тавсияҳои давлатҳои аъзои Шӯрои Созмони Милали Муттаҳидро доир ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2017-2020 ба имзо расонид, ки тибқи он Ҳукумати Тоҷикистон ӯҳдадор шудааст, ки то соли 2017 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбонро ба имзо расонад ва ба гурӯҳи корӣ супориш додааст, ки барои минбаъд ба тасвиб расонидани Конвенсияи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешад. Билохира, Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 марти соли 2018 таҳти Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон имзо гузошт.

Соли ҷорӣ Рӯзи байналмилалии маъюбон аз ҷониби СММ ба мавзӯи «Таъмини иштироки фаъоли маъюбон дар ҳаёти ҷомеа – татбиқи Рӯзнома дар самти рушди устувор дар давраи то соли 2030» бахшида шудааст.

Мақсад аз интихоби мавзӯи мазкур ба ҷалби таваҷҷӯҳ нисбати ҷанбаҳои тавсеаи имконоти маъюбон дар чорчӯбаи расидан ба мақсадҳои рушди устувор, ки дар Рӯзномаи то давраи соли 2030 баён гардидааст, нигаронида шудааст. Рӯзномаи то давраи соли 2030 ба расидан ба некӯаҳболии ҳамаи инсонияти курраи Замин равона гардидааст. Маъюбон метавонанд бо саҳмгузории нерӯи худ ҷиҳати ҳалли ин мақсад, аз ҷумла бо фаъолиятҳо дар самти паст намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда, гузаронидани чорабиниҳои гуманитарӣ ва шаҳрсозӣ дар рушди ҷомеа ширкат варзанд.

Ҳокимият, маъюбон, ташкилотҳое, ки ҳуқуқи онҳоро ҳифз мекунанд, муассисаҳои таълимӣ ва сохтори хусусӣ метавонанд ва қодиранд, ки дар якҷоягӣ барои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор фаъолият намоянд.

Мавриди зикр аст, ки 11 июни соли 2019 Дабири кулли СММ оид ба оѓози Стратегияи СММ оид ба ҳамбастагии маъюбон эълон дод. Асоси стратегияи номбурдаро дастгирии ҳамаҷонибаи таъмини рукнҳои асосии ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ, аз ҷумла нисбати ҳамаи маъюбон ташкил менамояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол зиёда аз 148 ҳазор, аз ҷумла зиёда аз 28 ҳазор кӯдакони маъюб ба сар мебаранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуи мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, ба хусус раванди маъюбиятро дар кишвар ба назари эътибор гирифта, онро дар қатори дигар Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид ба Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Барномаи миёнамӯҳлати рушд барои солҳои 2016-2020 ворид намуд.

Қабул намудани Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 аз 28 октябри соли 2016, №455 гувоҳи равшани таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва бевосита Роҳбари давлат нисбати дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз он ҷумла маъюбон мебошад.

Хурсандиовар аст, ки соли ҷорӣ бори нахуст дар давраи соҳибистиқлолии кишвар 18 октябр дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маъюбӣ бо иштироки бевоситаи намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои давлатӣ, намояндагии Созмони Миллали Муттаҳид, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дигар ташкилотҳои СММ, Иттиҳоди Аврупо, намояндагони ташкилоту ҷамъиятҳои миллии маъюбон, ВАО ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор гардид. Дар Форум самтҳои асосии Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020, Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои маъюбон, Стратегияи миллии рушди  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба таври васеъ баррасӣ гардида, аз натиҷаи он вобаста ба амалҳо дар 10 соли минбаъда Декларатсия қабул карда шуд.

Дар Муассисаи давлатии “Пажӯҳишгоҳи экпсертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҷлили Рӯзи байналмилалии маъюбон ва болидахотирии маъюбони дар бахши клиникии муассиса табобатгиранда бо иштироки дастаи ҳаваскорони Маркази дилхушии “Мадагаскар” ва бо оростани дастархони идона ҷамъомад ташкил карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 970
  • 1,242
  • 949,990