Иқдоми маорифчиёни ВМКБ қобили дастгирӣ ва пайравист!

Иқдоми маорифчиёни ВМКБ қобили дастгирӣ ва пайравист!
Декабр 12
14:04 2019

Суруди миллӣ яке аз рамзҳои давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки аз рӯзи қабули расмиаш  ба сарвати бузурги маънавии халқ табдил ёфта, онро тамоми қишрҳои ҷомеа бо муҳаббат ва садоқати бепоён нисбат ба Ватан ва давлатдории миллии худ тараннум мекунанд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Рамзҳои давлатӣ ифодакунанда ва баёнгари ҳастии давлати соҳибистиқлол, рамзи иттиҳоду сарҷамъии мардуми мамлакат ва илҳомбахши кору пайкори фарзандони содиқу вафодори Ватан ба хотири пойдору бегазанд нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият ва таҳким бахшидани пояҳои давлатдории миллӣ мебошанд».

Ба  андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, «Суруди миллии мо дар саросари Тоҷикистон ва берун аз хоки он Тоҷикистонро дар маросиму чорабиниҳои сатҳи олӣ ва дигар маъракаҳои муҳим ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд».

Бо мақсади эҳтиром гузоштан ба ин  рамзи давлатӣ ва бо ин  васила баланд бардоштани ҳисси  ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар ниҳоди шаҳрвандони кишвар маорифчиёни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тасмим гирифтаанд, ки пеш аз оғози дарс-таълиму тадрис ҳамагон якҷоя дар назди муассисаҳояшон  Суруди миллиро сароянд ва баъдан ба машғулият оғоз намоянд. Албатта, ин иқдом саривақтӣ мебошад ва боиси дастгирӣ аст. Иқдоми мазкур барои баланд бардоштани тафаккури зеҳнӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва дигар ҷанбаҳои дорои тарбияи миллидошта ҳидоят менамояд. Бояд гуфт, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар, хусусан дар моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатӣ омадааст, ки Суруди миллӣ дар назди муассисаҳои давлатӣ бо матн ва оҳанг сароида шавад.

Ба андешаи онҳое, ки ташаббускори ин пешниҳод мебошанд, маҳз ба таври зинда садо додани Суруди миллӣ метавонад ҷавонони тамоми манотиқи кишварро ба дӯстиву бародарӣ ва сарҷамъӣ даъват намуда, бо ин васила ҳисси ватандӯстиро дар ниҳоди тамоми сокинони кишвар боз ҳам бедор намояд.

Воқеан, ҳангоми субҳ ба гӯш расидани овози форами Суруди миллӣ ҳар фарди ватандӯстро ҳушдор мекунад, ки баҳри хизмат ба Ватану халқи бузургаш бо нерӯи наву тоза бархезад, камари мардонагиро сахттар бандад. Зеро, Суруди миллӣ чун рукни муҳими муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон назму навои нотакрор дораду манбаи нерӯбахшанда ва мояи ифтихори ҳар як фарди ватанпарвару содиқ мебошад.

Воқеан, дар ҳар як кӯдакистону мактаб, донишгоҳу муассисаҳо, дар олимпиадаҳо ва дигарон, бо баробари садо додани Суруди миллӣ ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз ҷо бармехезад ва ғурури ватандорияш боз ҳам боло мегирад. Аз ин рӯ, ба андешаи банда, талқини омӯзишу эҳтиром ва қироати пайвастаи Суруди миллӣ дар байни ҷомеаи шаҳрвандон яке аз самтҳои тарбия ва маърифати ватандӯстӣ буда метавонад. Донистани Суруди миллӣ ва қироати пайвастаи он барои шаҳрванди бо ору номуси содиқ ба Ватан ҳамчун аслиҳаест, ки нисбати душманони рӯшоду махфии миллати тоҷик метавонад мубориза барад.

Дар байни қишрҳои мухталифи ҷомеаи  ҷаҳонӣ  фикру андешаҳои  гуногун ҷиҳати тарзу усулҳои муносибат бо Суруди миллӣ арзи вуҷуд дорад, ки ба дараҷаи фарҳангу тафаккури фарду ҷомеаи ӯ алоқаманд аст.    Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шевои тоҷикӣ нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст. Замони истиқлолият давраи нави эҳёи тамадуни халқи тоҷик ба шумор меравад, ки маҳз дар ин давра миллати тоҷик бо шарофати сайю кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомали Раҳмон барои дарки амиқи ватандорӣ  ва ба эъмори давлати дунявӣ ва демократӣ иқдом намуд.

Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул ва вазифадор  аст, ки Суруди миллиро азёд намояд. Ба он эҳтироми беандоза дошта бошад. Зеро, азёд намудани Суруди миллӣ дар ниҳоди ҳар шахс худшиносиву худогоҳии миллӣ ва муҳаббат ба модар-ватанро тарбия менамояд.

Хуршед Азизӣ

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 716
  • 1,242
  • 949,736