Иштирок ва суханронии Азиз Одиназода дар Конфронси 7-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ

Иштирок ва суханронии Азиз Одиназода дар Конфронси 7-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ
Декабр 16
15:39 2019

 

Имрӯз, 16 декабри соли равон муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода дар Конфронси 7-уми вазирони тандурустии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Абу-Дабии Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок ва суханронӣ намуд.

Муовини  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода дар конференсияи мазкур дар мавзӯъи «Фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки тайи чанд соли охир Ҷумҳурии  Тоҷикистон ба масоили расидан ба ҳадафҳо оид ба фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тиббӣ тавассути беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он таваҷҷуҳи зиёд медиҳад.

-Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар ин раванд як қатор стратегияҳо ва барномаҳои миллиро таҳия ва қабул намудааст, ки иқдомҳои зикргардидаро инъикос менамоянд. Аз ҷумла «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» тамоми масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ва ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустиро дар бар мегирад,-махсус зикр намуд ӯ.

Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 ба Лоиҳаи муштараки Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва Иттиҳоди Аврупо вобаста ба фарогирии умумӣ бо хизматрасонии тиббӣ шомил гардид.

Азиз Одиназода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии  аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни суханронии хеш гуфт: “айни замон бо мақсади мустаҳкам намудани Барномаи кафолатҳои давлатӣ ҷиҳати дастрасии хизматрасонии тиббӣ, аҳолии низманд ва осебпазири Тоҷикистон ба гурӯҳҳои имтиёзнок тақсим шудааст. Ҳамзамон, рӯйхати хизматрасониҳои афзалиятнок таҳия шуда, он ба Барномаи мазкур барои солҳои 2020-2030 ворид гардидааст. Ин иқдом кафолати он аст, ки аҳолии ниёзманди кишвар бо хизматрасониҳои имтиёзнок таъмин карда  шуда, он аз фарогирии умумии хизматрасонии тиббӣ  шаҳодат медиҳад.

Аз ҷониби муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Одиназода ба иштирокчиёни Конфронси мазкур иттилоъ дода шуд, ки аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасонии сифатнок ва муосири тиббӣ дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сатҳи хизматрасонии госпиталӣ дастрасӣ дорад.

Ҳамзамон, дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ҷорӣ шуда, он дар асоси пилотӣ амалӣ шуда истодааст. Ҷорӣ намудани таҳсилоти тиббӣ  барои баланд бардоштани иқтидори кадрии мутахассисони соҳаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мусоидат мекунад.

Ҳамзамон, ба иштирокчиёни конфронси мазкур иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 283 табиби оилавӣ, ки 80,3% аз талаботи умумӣ ташкил медиҳад ва 7704 мутахассисони миёнаи тиб дар соҳаи тибби оилавӣ, ки  72,2% аз талаботи умумӣ ташкил медиҳад,  фаъолият менамоянд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 ба узвияти Созмони  ҳамкории исломӣ пайваста, дар ин муддат тавонист бо муҳимтарин кишварҳои аъзои ин созмон, бахусус кишварҳои арабӣ равобиту ҳамкориҳоро ба роҳ монад.

Ҳамкории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Аморати Муттаҳидаи Араб дар доираи Комиссияи  байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ ба роҳ монда шуда, самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар рафти комиссияи мазкур баррасӣ ва муҳокима мегарданд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди ҳамкории минбаъда бо Аморати Муттаҳидаи Араб лоиҳаи «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Аморати Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ»  -ро таҳия намуда, тибқи тартиби муқарраршуда онро бо вазорату идораҳои  марбутаи кишвар мувофиқа намуда, айни ҳол ҳуҷҷати мазкур дар баррасии ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 1,028
  • 1,242
  • 950,048