Кӯдакони ятим ва дорои имконияти маҳдуди шаҳри Бӯстон дар ҳузури Раиси шаҳр соли навро таҷлил намуданд

Кӯдакони ятим ва дорои имконияти маҳдуди шаҳри Бӯстон дар ҳузури Раиси шаҳр соли навро таҷлил намуданд
Декабр 25
15:20 2019

Имрӯз, 25 декабр дар маркази хизматрасонии “Дидор”-и шаҳри Бӯстон бо иштироки раиси шаҳри мазкур Раъно Ҳошимзода чорабинии идонаи солинавӣ баҳри болидахотирии ятимони кул ва кӯдакони дорои имконияти маҳдуд доир гардид.
Нахӯст роҳбари шаҳр кулли дӯстрӯяконро бо фарорасии соли нави мелодии 2020 таҳният гуфта, барояшон саломатии бардавом, хушиҳои рӯзгор ва муваффақиятҳои пайваста таманно намуд. Гуфта шуд, ки зиндагиву таҳсил ва ҳаёти ҳар яки Шумо кӯдакони хушбахти замони соҳибистиқлол зери таваҷҷуҳ ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин маврид муҳтарам Ҷаноби Олӣ ҳамеша изҳор медоранд, ки: “Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба ятимону маъюбон ва бепарасторону фарзандони оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, на танҳо таълиму тарбияи онҳоро бар уҳдаи худ гирифт, балки барои ба камолот расонидан ва ба ҳаёти мустақилона гусел карданашон ҳамеша чораҷӯӣ менамояд”.
Номбурда ҳамзамон иброз намуд, ки зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру навоҳии кишвар мунтазам Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи зисту зиндагонӣ ва таълиму тарбияи ятимони кул ва кӯдакони дорои имконияти маҳдуд огаҳ гардида, ҳамеша чунин қишри ҷомеаро ба ғамхориву пуштибонии давлату Ҳукумат фаро гирифта истодаанд.

Ҳамзамон,  ба кулли иштирокдорон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуда, баҳри болидахотирии онҳо барномаи рангини ҳунарӣ пешкаш карда шуд.
Кӯдакон аз чунин тадбири шоиста изҳори хушнудӣ намуда, арзи сипосмандии хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чорабинии имрӯза зиёда аз 110 нафар ятимони кул, тарбиятгирандагони мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд воқеъ дар шаҳри Бӯстон ва кӯдакони дорои имконияти маҳдуд ширкат намуданд.

 

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 625
  • 1,242
  • 949,645