Эмомалӣ Раҳмон: мо табибони беҳтарин дорем (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон: мо табибони беҳтарин дорем  (АКС)
Декабр 26
16:36 2019

 

Бегоҳии имрӯз, 26 декабри соли равон дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он нуқтаҳои муҳимтарини ин Паём шарҳу тавзеҳ дода шуданд.

Дар ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир Саида Умарзода, Азиз Одиназода, Мирҳамуддин Камолзода, Шодихон Ҷамшед, роҳбарон ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат иштирок намуданд.

Тавре Сарвари давлат дар Паёми навбатии хеш иброз намуданд, барои ҳар як давлат солимии аҳли ҷомеа зарур мебошад. Аз ин рӯ, мо бояд халқамонро солим нигоҳ дорем ва барои тандурустии он тамоми шароитро фароҳам оварем.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии хеш Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати муҳим барои тамоми сокинони мамлакат арзёбӣ намуда, гуфт, он бояд аз ҷониби тамоми шаҳрвандони мамлакат  ҳамчун дастурамалӣ корӣ  қарор бигирад.

Қайд гардид, ки дар баробари дигар кормандони вазорату идора ва корхонаву муассисаҳои мамлакат кормандони соҳаи тандурустӣ низ Паёми Сарвари давлатро ба Маҷлиси Олии мамлакат сармашқи фаъолияти хеш қарор дода, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшушу талоши хешро равона хоҳанд сохт.

Дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон низ ба соҳаи тандурустӣ  диққати махсус зоҳир намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки мо ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, тайи як сол садҳо иншооти тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаҳои замонавӣ, марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббиро бунёд ва мавриди истифода қарор додем.

Бо ин роҳ инфрасохтори ин соҳаи муҳимми иҷтимоӣ, махсусан, дар деҳоти кишвар ва сифати хизматрасониҳо ба куллӣ тағйир ёфта истодааст. Соли 2019 дар мамлакат 154 муассисаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Дар Паём махсус қайд гардид, ки буҷети соҳаи тандурустӣ дар ҳафт соли охир аз 716 миллион сомонӣ ба 1 миллиарду 740 миллион сомонӣ расидааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Дар соли 2020 маблағгузории давлатии соҳа қариб 2 миллиард сомонӣ ё худ бо афзоиши қариб 6 фоиз назар ба соли 2019 пешбинӣ шудааст.

Ҳарчанд ки дар натиҷаи таъмин кардани муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бо таҷҳизоти муосир як қисми мушкилоти соҳа рафъ гардидааст, аммо сатҳу сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва савияи касбии кормандони миёна ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад.

“Вобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои тиббиро зери назорати қатъӣ қарор дода, сатҳу сифати хизматрасониро ба аҳолӣ беҳтар ба роҳ монад ва давра ба давра курсҳои бозомӯзиро дар миёни ҳамаи зинаҳои кадрии соҳа ташкил намояд”,-гуфтанд зимни суханронии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ҷаласа ҳамзамон дигар масъалаҳои муҳими Паём, аз ҷумла ба китобхонӣ фаро гирифтани тамоми кормандони вазорату идораҳои кишвар ва бо ин роҳ баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳиион, ба мутолиа рӯ овардан, донистани гузаштаи пурифтихори хеш, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас кардани китоби  “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки дар зерсохтори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як китобхонаи калон фаъолият менамояд, ки кормандони соҳа аз он ба таври васеъ истифода мебаранд. Бинобар ин, барои бо китобҳои бадеӣ таъмин намудани он чораҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.

Мавриди зикр аст, ки зимни суханронии хеш дар робита ба соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки мо имрӯз табибони беҳтарин дорем ва бояд ба онҳо шароити муосиди корӣ фароҳам оварем.

Сипас, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, директори Маркази матбуоти вазорат Бибихонум Дарвешзода, Сардораи шӯъбаи ҳифзи модар ва кӯдаки вазорат Юнусова Дилрабо, Сардори шӯъбаи коргузорӣ ва назорати дастгоҳи марказии вазорат Замунов Амирхон ба сухан баромада, таассурот ва андешаҳои худро оид ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён дошта, ташаббусҳои ироагардидаи Пешвои миллатро ҷонибдорӣ намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 712
  • 1,242
  • 949,732