Тақдими либосҳои зимистона ба кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст

Тақдими либосҳои зимистона ба кӯдакони ношунаво ва шунавоиашон суст
Январ 02
12:35 2020

 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода​ аз мактаб – интернати махсус барои кўдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффорови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуда, тарбиятгирандагон ва мураббиёни мактаб-интернати мазкурро ба муносибати соли нави мелодии 2020​ табрик гуфт.

Зикр карда шуд, ки имрўз шароити зисту зиндагонии нафарони имконияташон маҳдуд зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ин лиҳоз барои ба таълим фаро гирифтани чунин шахсон пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.

Боиси зикр аст, ки алҳол дар муассисаи мазкур 290 нафар тарбиятгирандаи имконияташон маҳдуд аз​ шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Мактаб – интернати махсус барои кўдакони ношунаво ва шунавоиашон сусти ба номи Тӯхтабой Ғаффоров дорои 27 синфхонаи барҳаво, толори варзишӣ ва синфхонаи компютерӣ буда, 114 нафар омӯзгори соҳибтахассус ва мураббиён ба тарбиятгирандагон дарс мегӯянд.

Раиси вилоят ба тарбиятгирандагони мактаб-интернат туҳфаҳои солинавӣ ва либосҳои гарми зимистона тақдим намуда, иброз дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар оянда низ барои боз ҳам беҳтар намудани шароити хонадагон ва устодон тадбирҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Дар охир Раиси вилоят омўзгоронро таъкид намуд, ки нисбат ба тарбиятгирандагони мактаб – интернати мазкур ҳалиму меҳрубон бошанд, чун падару модар рафтор намуда, онҳоро аз донишҳои замони муосир бархурдор намоянд.​

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 1,152
  • 1,242
  • 950,172