Илми тибби тоҷик: як соли дастовард

Илми тибби тоҷик: як соли дастовард
Январ 07
13:24 2020

Имрӯз, 7 январи соли равон дар Муассисаи давлатии Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти академия ва муассисаҳои илмии он дар соли 2019 ҷаласаи ҷамъбастӣ баргузор гардид.

Алиҷон Ғоибзода, президенти Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида,  қайд намуд, ки соли 2019 барои мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли пур аз муваффақият ва дастовардҳо ба шумор меравад.

Пасон, саркотиби илмии Академияи илмҳои тибби Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои тиб Сайфулло Авезов  оид ба «Фаъолияти илмию ташкилии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019» баромад намуд.

Қайд гардид, ки фаъолияти академияи мазкур ба иҷроиши тадқиқот дар самтҳои афзалиятноки илмҳои тиббию фармасевтӣ марбут ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалишавии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», “Самтҳои афзалиятноки рушди илм, техника ва технология дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, қарорҳои Ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷчатҳои директивӣ равона карда шуда буд.

Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои илмии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 дар иҷроиши 22 лоиҳаи илмии аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ шаванда, 7 мавзӯи илмӣ оид ба “Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 – 2020”, 17 мавзӯи ташаббусӣ ва 1 мавзӯъ аз ҳисоби грантҳои хориҷӣ иштирок намуданд. Дар доираи аксари мавзӯъҳои таҳқиқгардида натиҷаҳои назарраси назариявӣ ва амалӣ ба даст оварда шудаанд.

Кормандони муассисаҳои илмии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ  2 – монография, 2 – китоби дарсӣ, 17 -дастурамали методӣ, 270 – мақола (124 – мақола дар маҷаллаҳои тақризшаванда) ва 614 – фишурда нашр намуда,  соҳиби 16 – патент оид ба ихтироот ва 27-пешниҳоди навоваранда гаштанд. Муассисаҳои илмии  Академияи илмҳои тиб дар соли 2019 8 – конфронс ва 5 – семинари илмӣ баргузор намуданд. Кормандони  академия дар зиёда аз 50 – конфронсу симпозиум,  семинарҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва баромад намуданд.

Дар шӯъбаи аспирантураи академия 25 нафар таҳсил намуда,  соли ҷорӣ 8 нафар  ба докторантура аз рӯи ихтисос (PhD)   қабул карда шуданд. Айни замон 40 унвонҷӯи дараҷаи илмии номзадӣ ва 12 унвонҷӯи дараҷаи илмии докторӣ фаъолият менамоянд. Дар соли ҷорӣ  6 рисолаи докторӣ ва 17  рисолаи номзадии олимони ҷавони муассисаҳои илмӣ ҳимоя карда шуд.

Дар шароити муосири иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти стандартҳои ҷаҳонӣ ва талабот ба сатҳ ва сифати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, зарурати таъсиси «Комиссияҳои соҳавӣ-проблемавии Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба миён омадааст. Ба ин хотир, дар академия корҳои омодагӣ сурат гирифта, ҳуҷҷатҳои лозимӣ тайёр карда шуданд ва тағйироту иловаҳо ба Оинномаи  Академияи илмҳои тиб ворид гардида, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шуданд.

14 июни соли 2019 Сессияи илмии  Академияи илмҳои тибби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Фарбеҳӣ – проблемаи аср», ки ба 10 солагии таъсисёбии академия бахшида шуда буд, баргузор гардид. Дар кори Сессия зиёда аз 100 нафар олимону мутахассисони соҳаи тиб ва меҳмонон ширкат варзиданд.

Тибқи супориши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоён ва раёсати Академияи илмҳои тиб бо кормандони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва Рӯдакӣ бахшида ба таҷлили 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ гузаронида, оид ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар солҳои истиқлолият маърӯзаҳо намуданд.

Президенти Академияи илмҳои тиб Алиҷон Ғоибзода дар конференсияи байналмилалии  илмӣ- амалӣ дар мавзӯи “Рушди баҳодиҳии технологияи тандурустӣ дар давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”, ки   рӯзҳои 27- 28 июни соли 2019 дар ш. Москва баргузор гардид, ширкат намуда, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши технологияи муосири тиб ва истифодаи маводи доруворӣ баромад намуд.

Дар соли 2019 се шумораи маҷаллаи “Паёми Академияи илмҳои тибби Тоҷикистон”  аз нашр баромада, шумораи чорум  барои чоп омода карда шудааст.

Раёсати академия дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва тиббӣ ширкат варзида, 10 мавзуҳои илмии соҳаи тандурустии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро муаррифӣ намуд.

Дар давраи ҳисоботӣ чор ҷаласаи Шӯрои табъу нашр баргузор гардид, ки дар он баррасӣ ва ба чоп тавсия додани 9 – дастнависи монографияҳои олимони кишвар баррасӣ гардид.

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 721
  • 1,242
  • 949,741