М.Камолзода: сокинони шаҳри Хуҷанд Паёми Пешвои миллатро бо руҳияи баланди худшиносӣ қабул намуданд (АКС)

М.Камолзода: сокинони шаҳри Хуҷанд Паёми Пешвои миллатро бо руҳияи баланди худшиносӣ қабул намуданд  (АКС)
Январ 08
15:04 2020

Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва шарҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат Саодат Аминҷонова, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода, ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров Рухсора Давлатзода ва намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд. Нахуст ноиби  ректори донишгоҳ Мубина Хоҷаева вохӯриро ифтитоҳ намуда, доири ҳадафи мулоқот маълумот дод.
Таъкид гардид, ки саҳми бузургу беназири Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд, рушд ва инкишофи самтҳои ҳамаҷонибаи Тоҷикистон, таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, боло бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бағоят бузург аст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт. Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд. Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард. Бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид.Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.

Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст. Саҳми бахши хусусӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд. Яъне нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд.

Дар интиҳо таъкид шуд, ки Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин дастуру роҳнамо барои фаъолияти созанда дар ҳамаи самту соҳаҳо ба ҳисоб меравад.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо иттилоъ дод, ки гурӯҳи корӣ дар бештар аз 20 муассисаҳои тандурустӣ бо  шаҳрвандон оид ба шарҳу баррасии нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохуриҳо гузарониданд.

-Аз руҳияи сокинони шаҳри Хуҷанди бостонӣ аён буд, ки онҳо Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар руҳияи баланди худшиносиву ватандорӣ қабул намуда, оид ба паҳлуҳои гуногуни он саволҳо медоданд. Кормандони муассисаҳои тандурустии вилоят аз дастгириҳои Сарвари давлат нисбат ба соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор доштанд, ки баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ кӯшиш хоҳанд кард.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 977
  • 1,242
  • 949,997