Бо мақсади коркарди гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва рушди саноати дорусозӣ давоми соли ҷорӣ дар дохили кишвар ду корхонаи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва коркарди гиёхҳои шифобахш ифтитоҳ ёфтанд.
Дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши “Сари Хосор”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар ин корхона 8 дастгоҳу таҷҳизот барои коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ аз гулу гиёҳ ва меваҳои шифобахши кӯҳсори Тоҷикистон насб кардашуда, 15 номгӯи гиёҳҳои шифобахш коркард ва басту банд мегарданд.
Инчунин, дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 сентябри соли 2019 бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода дар шаҳри Душанбе сехи истеҳсоли маводҳои доруворӣ ва коркарди гиёҳҳои шифобахши Муассисаи давлатии “Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ” ифтитоҳ гардид.
Қайд кардан лозим аст, ки дар корхонаи мазкур бори аввал дар кишвар маводи фаъоли биологӣ дар ғилофак (капсула) аз шираи камол “Ферулин” ва “Шарбати ширинбия” дар зарф истеҳсол карда шудааст.
Барои таъмир ва азнавсозии бино ва харидории таҷҳизотҳои зарурӣ барои истеҳсоли доруворӣ ва коркарду бастубанди гиёҳҳои шифобахш аз ҳисоби маблағҳои марказонидашуда ва махсуси вазорат маблағи зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ гардида, дар ин корхона 20 нафар мутахассисон ба ҷои кори доимӣ ва то 100 нафар ҳангоми корҳои мавсимӣ ҷалб мегарданд.