(Дар акс нахустин Беморхонаи хусусӣ дар шаҳри Хоруғ)
Рушди бахши хусусӣ яке аз самтҳои афзалиятноки давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор рафта, он зери таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Рушди тибби хусусӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, саҳми он дар таъмин намудани солимии аҳолӣ назаррас мебошад.
Тибқи феҳристи иҷозатномаҳои амалкунанда бо ҳуқуқи фаъолияти хусусии тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2006 то ин ҷониб 702 адад субъект соҳиби иҷозатнома шуда, ба фаъолияти хусусии тиббӣ машғул мебошанд. Аз шумораи умумии иҷозатномаҳои амалкунанда 343 адади онро (бо 61 филиал) шахсони ҳуқуқӣ ва 299 ададро шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Бояд гуфт, ки шабакаи муассисаҳои хусусии тиббӣ аз ҳуҷраҳои табобатию ташхисӣ, ҳуҷраҳои стоматологӣ, ҳуҷраҳои ороишӣ (косметологӣ), ҳуҷраҳои тибби халқӣ, марказҳо, осоишгоҳҳо ва беморхонаҳо иборат мебошад.
Айни замон дар муассисаҳои хусусии тиббии мамлакат 4025 нафар, аз ҷумла 1653 нафар табибон, 1511 нафар кормандони миёнаи тиб ва 861 нафар кормандони ёрирасон фаъолият мекунанд.