Суғд: ба маблағи 20,1 млн.сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид

Суғд: ба маблағи 20,1 млн.сомонӣ 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ харидорӣ гардид
Январ 18
07:25 2020

Соли 2019 барои муассисаҳои соҳаи тандурустии вилояти Суғд 1481 адад таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ ба маблағи 20,1 млн. сомонӣ харидорӣ ва дастрас карда шуд.

Барои харидории таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн. сомонӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 5,0 млн. сомонӣ, буҷетҳои маҳаллӣ 7,5 млн. сомонӣ ҷудо гардида, аз ҳисоби кўмакҳои башардўстона 3,2 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳо 3,2 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки дар вилоят беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ фаъолият дошта, ба аҳолии вилоят 5143 табибон ва 17393 кормандони миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд.

Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба moh.tj иттилоъ доданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 721
  • 1,242
  • 949,741