Вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад

Вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад
Январ 25
10:06 2020

Насим Олимзода,

Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии

аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус дастгирии иҷтимоии ниёзмандон, маъюбон, кӯдакони ятиму бесаробонмонда, ветеранҳои ҷангу меҳнат ва оилаҳои камбизоат, инчунин, дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ дар мадди назари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, Ҷаноби Олӣ дар ҳама суханронӣ ва баромаду маърӯзаҳояшон дар ин мавзуъ махсус таъкид менамоянд, ки ин табақаҳои шаҳрвандон таҳти ғамхории доимии давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуданд: “Ҳукумати Тоҷикистон вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеаро ҳамеша дар маркази диққати худ қарор дода, вобаста ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар барои беҳтар намудани шароити онҳо пайваста чораҷӯӣ менамояд.

Ҳамзамон, ҳамасола дар мамлакат 25 январ ҳамчун «Рӯзи кормандони меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ» таҷлил мегардад, ки ҳадаф ва мақади он баланд бардоштани мақом ва манзалати ин табақаи ҷомеа мебошад.

Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад.

Дар ҳамин асос бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то синни 18 – сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд, Сарвари давлат дар паёми навбатиашон 26 декабри соли 2019 пешниҳод карданд, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ” муқаррар гардидааст, баробар карда шавад.

Тадбирҳои мазкур имкон медиҳанд, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагирон беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад.

Аз ин рӯ, мо кормандони соҳаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардиданд ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаро сармашқи кори худ қарор дода, ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар навбати аввал ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд ва нафақахӯрону собиқадоронро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини худ мешуморем.

Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун қисми муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, мақсад ва вазифаҳои он пеш аз ҳама ба баланд бардоштани некӯаҳволии мардум ва таъмини шароити арзандаи зиндагии шаҳрвандон равона карда шудааст. Бешубҳа, ноил шудан ба ин мақсадҳо суботи ҷамъият ва некуаҳволии мардуми кишварро муҳайё хоҳад кард.  Боиси сарфарозист, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ҷиҳати таъмини кафолатҳои иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа, рушди минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

Дар натиҷаи чорабиниҳои саривақтию босамари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бомарому хубтар ва доираи хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба ниёзмандон васеъ гардида, теъдоди шаҳрвандони ба ин хизматрасониҳо фарогирифташуда ба маротиб афзуда истодааст, ки ин далели фаъолияти пурсамар ва меҳнати софдилонаи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ ба шумор рафта, ҳамзамон боиси эътимоди рӯзафзуни шаҳрвандон ба сиёсати хирадмандона ва инсондӯсонаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат  гардидааст.

Мавриди зикр аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, хусусан дар соли сипаригардида дар ҷараёни татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дастовардҳои назаррас ба даст оварда шудаанд.

Аз ҷумла, дар соли 2019 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҷиҳати таҳия, ҳамоҳангӣ ва татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун дастовардҳои соҳаи мазкур маҳсуб меёбанд:

– таҳким бахшидани пойгоҳи меъёрии ҳуқуқӣ ва дар ин замина қабул гардидани «Нақшаи  миллии амалҳо оид ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ба тасвиб расонидани Конвенсияи СММ Дар бораи ҳуқуқҳои маъюбон барои давраи то соли 2024”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2019, №493 “Дар бораи зиёд намудани ҳаҷми харид ва истеҳсоли воситаҳои техникии тавонбахшӣ” ва  фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 ноябри соли 2009, №102-ф “Дар бораи ба тавозуни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани бино ва иншооти Маркази махсусгардонидашудаи кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»;

– ба анҷом расидани сохтмони биноҳои дуюм ва ва сеюми Муассисаи давлатии  “Маркази байналмилалии тавонбахшии маъюбон” дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон;

– зиёд гардидани шумораи шабакаи марказҳои хизматрасонии иҷтимоии будубоши рӯзона, яъне 6 ҳо нав дар соли гузашта ба фаъолият шурӯъ карда, боз ду маркази нав соли ҷорӣ ба кор  шурӯъ мекунанд;

– оғоз гардидани маъракаи бақайдгирии пурраи маъюбон ва дар ин замина таъсис додани Махзани ягонаи электронии маълумотҳо оид ба маъюбӣ.

Дастовард ва натиҷаҳои босамари фаъолияти кормандон ва масъулини алоқамандро, ки дар рушду нумӯи соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ саҳм гузоштаанд, ба эътибор гирифта, роҳбарияти вазорат имрӯз ба ҳамаи шумо изҳори миннатдорӣ менамояд.

Ман аз номи худ ва аҳли кормандони дастгоҳи марказии вазорат дар шахсияти шумо кулли кормандони соҳа, роҳбарон, мутахассисон ва коргарони ташкилоту муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо Рӯзи касбӣ самимона муборакбод гуфта, ба шумоён тани сиҳату умри бобаракат ва дар корҳоятон муваффақиятҳои нав ба навро орзумандам.

Бори дигар Иди касбиятон муборак, ҳамкасбони гиромиқадр!

 

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 966
  • 1,242
  • 949,986