Муборизаи глобалӣ бо коронавируси чинӣ

Муборизаи глобалӣ бо коронавируси чинӣ
Январ 27
08:21 2020

Хуруҷи бемории сироятии коронавирус, ки дар кишвари Чин боиси марги даҳҳо ва сирояти ҳазорон инсон гардид, тамоми ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст.

Дар пайи хуруҷи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин аксари фурудгоҳҳои ҷаҳон санҷиши мусофиронро аз гирифторӣ ба он оғоз намуданд. Аз ҷумла фурудгоҳи байналмилалии Дубай, ки шумораи мусофиронаш дар ҷаҳон аз ҳама зиёд аст, санҷиши мусофирони аз Чин омадаро шурӯъ кард. Роҳбарияти бандари ҳавоии ин кишвар хабар дод, ки мутахассисон асосан ҳарорати бадани мусофиронро месанҷанд. Ҳамзамон, дар фурудгоҳҳои Британияи Кабир низ чораҳои махсус ба кор андохта шудаанд. Дар шаҳри Лондон ҳавопаймоҳоеро, ки аз кишварҳои аллакай дар онҳо ҳодисаҳои сироят ба коронавирус ба қайд гирифташуда меоянд, дар минтақаи махсуси терминали 4 ҷой медиҳанд. Ҳокимияти Малайзия дар навбати худ дар саросари марзҳои хеш, ҳамзамон, дар фурудгоҳи Куала-Лумпур санҷиши тиббӣ оғоз намудааст. Мусофироне, ки аз кишвари Чин парвоз мекунанд, дар кишварҳои дигари Осиё, аз ҷумла Флиппин ва Бангладеш низ тафтиш мешаванд. Дар бузургтарин фурудгоҳҳои ИМА, аз ҷумла дар бандарҳои Сан-Франсиско, Ню-Йорк ва Лос- Анҷелес чораҳои қатъии бехатарӣ амалӣ  гардидаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии мардумии Чин ҳамсарҳад буда, миён ду кишвар қариб дар тамоми самтҳо ҳамкориҳои зич  ба роҳ монда шудаанд.

Хушбахтона, то кунун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста ба ин, тибқи Конвенсияи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, яъне қоидаҳои байналмилалии тиббии санитарӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита шомили он мебошад, дар гузаргоҳҳои сарҳадии мамлакат, аз ҷумла чӣ дар гузаргоҳҳои ҳавоӣ ва чӣ дар гузаргоҳҳои заминӣ нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ мавҷуданд, ки онҳо бевосита зертобеи  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар ин нуқтаҳо  тибқи фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва пешниҳодоту амрномаҳои Сардухтури давлатии санитарии эпидемологии  Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ бонги хатар  задан  супориш дода мешавад, ки ин нуқтаҳо фаъолияти худро пурзӯр намуда, ба фаъолияти шабонарӯзӣ гузаранд. Ҳамзамон, айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии ҷумҳурӣ таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  теплавизор  ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз Ҷумҳурии мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид мегардад,  тавассути онҳо гузаронида мешаванд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 1,137
  • 1,242
  • 950,157