Вохӯрӣ бо ҳайати Фонди глобалӣ

Вохӯрӣ бо ҳайати Фонди глобалӣ
Январ 28
15:04 2020

27 январи соли равон вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо ҳайати Фонди глобалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ намуд.

Дар вохурӣ ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманди вазорат ва фонди мазкур мавриди муҳокима ва баррасӣ  қарор гирифта, ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо иброз намуданд.

Маврид ба зикр аст, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди глобалӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз қабили вируси норасоии масунияти одам ва сил ҳамкорӣ дорад.

То имрӯз аз ҷониби Фонди глобалӣ дар Тоҷикистон ҷиҳати коҳиш додани шумораи гирифторони бемориҳои вируси норасоии масунияти одам ВИЧ/СПИД ва сил корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Ҳамзамон, ҳайати Фонди глобалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоту муассисаҳои дар самти пешгирии вируси норасоии масунияти одам ва сил фаъолияткунанда вохурӣ менамояд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 919
  • 1,242
  • 949,939