Маҳмадшоҳ Гулзода: «Дар Донишгоҳи тиббӣ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалист»

Маҳмадшоҳ Гулзода: «Дар Донишгоҳи тиббӣ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалист»
Январ 29
06:40 2020

Зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  Маҳмадшоҳ Гулзода иброз дошт, ки дар Донишгоҳи тиббӣ ҷараёни таълим, баҳодиҳӣ ва натиҷагирии сифати таълим тибқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ бо истифодаи васеи технологияи муосири иттилоотӣ- коммуникатсионӣ ба роҳ монда шудааст. 

«Ҳоло дар донишгоҳ низоми электронии идоракунии таълим (LMS) ва шабакаи интернетии дохилидонишгоҳӣ фаъолият мекунад. Ҳар  як донишҷӯ кабинети инфиродии худро дошта, маводи  таълимӣ ва натиҷаи рейтингҳою имтиҳонҳои худро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ метавонад тариқи электронӣ дастрас намояд. Инчунин  волидайни донишҷӯён метавонанд ба кабинети инфиродии фарзандонашон шомил шуда, ҳамарӯза аз таҳсили онҳо хабардор шаванд»,- гуфт М. Гулзода.

Ба иттилои номбурда, шурӯъ аз соли 2019 дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон журналҳои дарсии донишҷӯён тариқи электронӣ роҳандозӣ шуда, аз ҷониби раёсати донишгоҳ 900 адад планшет харид ва ба ҳар омӯзгор дода шуданд.

Зикр шуд, ки таваҷҷуҳи довталабони хориҷӣ барои таҳсил дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон зиёд буда, айни замон 1598 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 16 давлати дунё  дар ин ҷо таҳсил мекунанд. Ин шумора нисбат ба соли гузашта 178 нафар зиёд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар донишгоҳ таҳсил барои  донишҷӯён бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шуда, фазои таълимӣ бо забони русӣ нигоҳ дошта мешавад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 962
  • 1,242
  • 949,982