Ҷаласаи корӣ дар робита ба вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон гардидани коронавирус

Ҷаласаи корӣ дар робита ба вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон гардидани коронавирус
Январ 31
11:17 2020

Имрӯз, 31 январи соли равон дар робита ба вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон гардидани бемории сироятии коронавирус дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир, роҳбарони раёсат ва муассисаҳои  зерсохтори вазорат иштирок намуданд.

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи кунунии бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин ба сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дод, ки ҷиҳати пешгирии бемории мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷаласа қайд гардид, ки новобаста ба он, ки бемории мазкур дар Тоҷикистон то кунун ба қайд гирифта нашудааст, корҳои омодагиро ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бояд боз ҳам пурзӯр намуд.

Зикр намудан ба маврид аст, ки айни замон дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дирӯз, 30 январ зимни як нишасти хеш дар бораи паҳн шудани коронавирус, вазъияти фавқулоддаи байналмилалӣ эълон кард. Тедрос Адҳаном, мудири кулли ташкилоти мазкур гуфт: “агар ин вирус дар кишваре бо низоми беҳдоштии заъифтар паҳн шавад, намедонем чӣ хисороте мумкин рух диҳад”.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар поёни ин нишасти худ дар Женева хостори кӯмак ба кишварҳо барои муқобила бо паҳн шудани вирус шуд ва ба ин манзур ҳолати фавқулодда барои беҳдошти умумӣ дар сатҳи байналмилалӣ эълон намуд.

Нимаи рӯзи панҷшанбе ба вақти Аврупо эълом шуд, ки шумораи гирифторон ба вируси корона дар сатҳи ҷаҳон ба 8 ҳазору 100 нафар расид, ки аз теъдоди мубталоён ба бемории САРС дар солҳои 2002-2003 бештар аст ва пешбинӣ мешавад, ки ин бӯҳрони беҳдоштӣ ба иқтисоди Чин зарбаи бузурге бизанад. То кунун 170 нафар бар асари олудагӣ ба ин вирус, ҷони худро аз даст додаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 0
  • 911
  • 1,242
  • 949,931