МУРОҶИАТИ ВКХ БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН: бинобар хуруҷи бемории нав дар Чин аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоед

МУРОҶИАТИ ВКХ БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН: бинобар хуруҷи бемории нав дар Чин аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоед
Феврал 01
13:55 2020

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ ҶТ) дар робита ба  хуруҷи  бемории нав дар Чин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар иттилоияи манбаъ гуфта мешавад, ки бо  назардошти интишори вируси корона дар Чин, ВКХ ҶТ ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки аз сафар ба ин кишвар дар ҳоли ҳозир худдорӣ намоянд.

«Аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Чин қарор доранд, дархост мешавад, ки маълумот ва ному насаби худро ба Сафорати Тоҷикистон дар Пекин аз тариқи почтаи электронии tajembbeijing@mfa.tj ё рақамҳои телефони зерин пешниҳод кунанд: +8618511786686 (Суҳроб Қодиров), +8618514270747 (Амриддин Носиров) ва +8613522787975 (Фаромуз Пирмухамедов). Суроғаи Сафорати Тоҷикистон: Пекин, No.LA 01-04, Liangmaqiao Diplomatic Compound», — омадааст дар иттилоияи ВКХ.

Бино ба маълумоти расида, дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи мубтало шудан ба вируси корона ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамчунин вазорат аз ҳамватанон хоҳиш менамоед, ки оромиро нигоҳ дошта, қоидаҳои будубоши кишвари маҳалли иқомат ва талаботҳои зарурии пешгирии бемориро риоя кунанд.

Сафорат ҳолати паҳншавии вируси мазкурро дар Чин пайваста пайгирӣ намуда, муосидати заруриро ба шаҳрвандон мерасонад.

Корҳо дар ин самт идома доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 737
  • 1,242
  • 949,757