ВМКБ: коронавирус ба қайд гирифта нашудааст

ВМКБ: коронавирус ба қайд гирифта нашудааст
Феврал 03
06:55 2020

Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бо нашри як иттилоия овозаҳо оид ба қайд гирифтани сирояти коронавирусро дар ноҳияи Мурғоб беасос номид.

Дар ин бора аз Раёсати тандурустии ВМКБ  ба Moh.tj иттилоъ доданд.

“Вобаста ба вазъи эпидемикии коронавирус дар кишвари Чин, бо назардошти робитаи зич бо ин кишвар тавассути гузаргоҳи Қулма, дар нуқтаи назорати санитарии карантини Қулма чорабиниҳои назоратии зидди эпидемикӣ ба роҳ монда шудаанд. Дар нуқтаи назоратии санитарии карантинии (ННСК)-и «Қулма» айни замон 1-табиби эпидемолог ва 2-ёрдамчии духтури эпидемолог фаъолият доранд. Дар ННСК-и «Қулма»-и ноҳияи Мурғоб 1-адад ҳароратсанҷаки дистансионии бадан, 4-адад ҳароратсанҷ, 4-воситаҳои фардии муҳофизатии махсус (индивидуальное средство защити и защитные кастюмы) ва инчунин маводҳои безараргардониву ниқобу дастпӯшак ба таври кофӣ мавҷуд мебошад»,- иттилоъ доданд аз раёсати мазкур ба Moh.tj.

Бино ба иттилои манбаъ, айни замон дар  беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб 25 воситаҳои фардии муҳофизатии махсус, 1350 дастпӯшак, 70 респератор, 400 ниқоб, 2 хилъат, 12 пробирка барои гирифтани намуна ҷиҳати ташхис дастрас гардонида шудаанд.

Айни ҳол дар беморхонаи Конақурғон 15 нафар ва дар касалхонаи ноҳиявӣ 4 нафар дар карантин буда, таҳти назорати табибон қарор доранд. То ин замон дар ягон нафари онҳо нишонаҳои бемории коронавирус пайдо нагардидааст.

Тибқи дастури Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешавад, 14 рӯз бояд дар зери назорати табибон қарор гирад.

Вазъият дар зери назорати қатъии Раёсати тандурустӣ ва сохторҳои он қарор дода шудааст ва дар ноҳия ситоди доимоамалкунанда фаъолият дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 1
  • 958
  • 1,242
  • 949,978