Хатлон: ҷаласаи корӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус

Хатлон: ҷаласаи корӣ оид ба пешгирии сирояти коронавирус
Феврал 04
07:42 2020

3 феврали соли равон дар Беморхонаи клиникӣ ба номи Б. Воҳидови шаҳри Бохтар ҷаласаи кории Раёсати тандурустии вилояти Хатлон оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии  сироти коронавирус баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти раёсат, роҳбарон ва кормандони марказҳои тандурустии вилоят ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.

Сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон Раҷабзода. М. М. зимни сухани ифтитоҳии ҷаласа иброз намуд, ки масъалаи андешидани тадбирҳои иловагӣ бар зидди сирояти коронавирус, ки дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шудааст, айни замон зери назорати махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар идомаи суханронии хеш номбурда ҳамзамон таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва табобати сирояти мазкур бояд муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон  ҳамаҷониба омода бошанд.

Дар идомаи ҷаласа директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидимиологии вилояти Хатлон Абдураҳимзода К.К. оид ба тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар вилояти Хатлон баромад намуда, иброз дошт ки то имрӯз аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус ва Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти Хатлон  ситоди доимоамалкунанда таъсис дода шуда, назорат дар гузаргоҳҳои сарҳади Панҷ, ҶСК фурудгоҳҳои байналмиллалии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, Намояндагии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Левакант ва Кӯлоб аз ҷониби нуқтаҳои назорати санитарию карантинӣ назорати эпидемиологӣ пурзӯр карда шудааст.

Тавре дар ҷаласаи мазкур сардухтури Беморхонаи клиникӣ ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар  Нурализода А.Ҷ. гуфт: “то имрӯз дар вилояти Хатлон ягон ҳодисаи гумонбар ба сирояти коронавирус мушоҳида нагардидааст. Аммо, новобаста ба ин,  бо мақсади пешгирии интиқоли он ҷиҳати дар ҳолати омодабош қарор доранд, ба муассисаҳои табобатию профилактикӣ, аз ҷумла омӯзиш ва мушоҳидаи ҳаррӯзаи вазъи эпидемиологӣ ва паҳншавии БШРН дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, гузаронидани омӯзишҳо оид ба пешгирӣ ва муолиҷаи сирояти коронавирус барои мутахассисони муассисаҳои табобатию профилактикӣ, гузаронидани омӯзиш ва  ташкил намудани гаштҳои хонагӣ ва дарёфту муоина намудани беморони шадиди роҳи нафас ва  омода намудани ҳуҷраҳои алоҳидаи ҷудогардонӣ (изолятсия) барои бистарӣ ва муоина намудани гумонбарон ба сирояти короновирус, омода намудани ҳуҷраҳои алоҳида дар шӯъбаи бемориҳои сироятӣ дорои 60 кат дар Беморхонаи клиникӣ вилояти ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар ташкил карда шудааст. Вазъият зери назорати қатъии Раёсати тандурустии вилоят ва сохторҳои он қарор дошта, ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ситоди доимоамалкунанда фаъолият дорад”.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 947
  • 1,242
  • 949,967