Усули пешгирӣ намудани сирояти коронавирус маълум гардид

Усули пешгирӣ намудани сирояти коронавирус маълум гардид
Феврал 05
13:50 2020

Узви Шӯрои машваратии коршиносони кумитаи  давлатии тандурустии  Чин Сзян Жунмэн оид ба паҳн гаштани роҳҳои  намуди нави коронавирус ва  тарзи  ҷилавгирӣ аз он сухан гуфт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба «РИА Новости».

Ба қавли ӯ, вируси 2019-nCoV тавассути роҳҳои қатрагӣ–ҳавоӣ вақти сулфидан  ё атса задан, инчунин  тариқи даст расондан ба бемор  мегузарад. Одатан он  ба масофаи 1-2 метр  паҳн гашта, дар бадани инсон худро ҷой менамояд.

Бо ин ҳама, коронавирус имкони дар ҳаво  мондан надорад.

Аммо вирус  метавонад дар рӯи ашё пайдо шавад, масалан, аз  оби даҳони шахси сироятёфта. Он  вақт вай метавонад ба воситаи даст задан ба ҷисми инсон ворид гардад.

«Тадқиқотҳо  нишон доданд, ки вирус чанд соат дар рӯи ашёи ҳамвор имкони зинда  мондан дорад ва ҳамчунин дар ҳавои нам ва ҳарорати мувофиқ метавонад чанд рӯзи дигар  зинда бимонад.  Масалан, дар муҳите, ки намӣ 40 фоиз ва ҳарорати ҳаво 20 дараҷа аст, коронавирус то 5 рӯз вуҷуд дошта метавонад»,- Сзян Жунмэнро   иқтибос меорад «РИА Новости».

Мутахассис таъкид намуд, ки пайваста шустани дастҳоро фаромӯш насозед.

3 феврал табибони амрикоӣ дар бораи роҳҳои табобати коронавирус сухан  гуфтанд.  Илтиҳоби шуш, ки барангезандааш  коронавирус мебошад, охири моҳи декабр дар Ухан пайдо гашт. То 4 феврал дар Чин ба коронавируси 2019-nCoV 19 700  нафар одамон мубтало ва 425 нафар беморон ҳалок гаштанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 956
  • 1,242
  • 949,976