Теъдоди ҳалокшудагон аз коронавирус дар Чин ба 563 нафар расид

Теъдоди ҳалокшудагон аз коронавирус дар Чин ба 563 нафар расид
Феврал 06
11:11 2020

Мутобиқи изҳороти Кумитаи давлатӣ  оид ба  масъалаҳои  тандурустӣ  дар Ҷумҳурии  Мардумии Чин шумораи қурбоншудагони коронавирус то 563 нафар афзуда, 28 018  нафар сироят ёфтаанд, 1153 каси дигар  аз беморхонаҳо рухсат дода шудаанд, иттилоъ медиҳад «РИА Новости».

Рӯзе қабл  доир ба бемории беш аз 24 ҳазор нафар ва 490 фавтида  расман хабар дода шуд.

«Ба ҳолати нимашаби  5 феврал  ба  Кумитаи  давлатии  масъалаҳои тандурустӣ  аз  31  музофот  ( ноҳия ва вилоятҳои тобеи марказ )  дар бораи  28 018  ҳолатҳои  тасдиқшудаи  коронавирус маълумот ба даст омад, ки аз он  3859 нафар   дар ҳолати  вазнин буда,  563  нафар фавтида,  1153 нафари дигар  аз шифохона  баромадаанд»,- омадааст дар изҳорот.

31 декабри  соли 2019 ҳукуматдорони Чин  ба ТУТ  дар бораи паҳншавии  илтиҳоби шуши  номаълум  дар музофоти  Ухан  хабар доданд.  Коршиносон  барангезандаи бемории коронавирусро  2019-nCoV муайян намуданд. Зиёда аз 190  нафар берун  аз қаламрави  кишвар  гирифтори ин беморӣ  шуда, яке аз онҳо  ҳалок гаштааст. ТУТ хурӯҷи бемориро ҳамчун ҳодисаи дорои аҳамияти байналмилалӣ  арзёбӣ намуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 1,042
  • 1,242
  • 950,062