Хусрав Нозирӣ бо Лю Бин масъалаи пешгирии хуруҷи вируси нави коронаро баррасӣ намуданд

Хусрав Нозирӣ бо Лю Бин масъалаи пешгирии хуруҷи вируси нави коронаро баррасӣ намуданд
Феврал 07
09:13 2020

6 феврали равон дар  шаҳри Душанбе муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.

Тавре  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот иқдомҳои муштараки ду давлат дар самти пешгирии хуруҷи вируси нави корона баррасӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки дар ин росто Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки дар шаҳрҳои гуногуни Чин, аз ҷумла Ухан (зиёда аз 45 донишҷӯи тоҷик) қарор доранд, дар тамоси доимӣ мебошад.

Сафорат бо мақомоти дахлдори кишвари маҳалли иқомат, Ҳукумати музофоти Хубэй ва шаҳри Ухан ва мактабҳои олие, ки дар он шаҳрвандони мо таҳсил мекунанд, дар алоқа буда, вазъиятро пайгирӣ менамояд.

Дар торнамои Сафорат муроҷиат ба шаҳрвандон бо зикри рақамҳои телефони шабонарӯзӣ ҷой дода шудааст. Шаҳрвандон метавонанд ба кормандони масъули Сафорат муроҷиат кунанд: Суҳроб Қодиров (+8618511786686), Амриддин Носиров (+8618514270747) ва Фаромуз Пирмухамедов (+8613522787975).

Дар байни шаҳрвандони Тоҷикистон ҳодисаи ба вируси корона мубтало шудан ба қайд гирифта нашудааст.

Ҷониби чинӣ айни замон масъалаи баровардани шаҳрвандони хориҷиро аз шаҳри Ухан баррасӣ надорад ва тавсия ҳам намедиҳад, зеро дар саросари музофоти мазкур карантин эълон шудааст.

Кумитаи давлатии Чин оид ба корҳои тандурустӣ иттилоъ дод, ки давраи инкубатсионии коронавируси нав аз 1 то 14 рӯз давом мекунад ва  вирус дар ин муддат ба одамони дигар имконияти сироят дорад.

Агар зарурати воқеии баровардани донишҷӯёни тоҷик аз музофоти Хубей ба миён ояд ва чунин тасмим дар сатҳи мақомоти чинӣ гирифта шавад, ҷониби Тоҷикистон ин иқдомро бо Ҳукумати Чин анҷом хоҳад дод.

Вазъияти мазкур зери назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 982
  • 1,242
  • 950,002