“Шифобахш”: пешгирии коронавирус пурзӯр гардид (АКС)

“Шифобахш”: пешгирии коронавирус пурзӯр гардид  (АКС)
Феврал 08
10:40 2020

Дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” оид пешгирии сирояти коронавирус видеосеминари омӯзишӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарият ва кормандони муассиса иштирок намуданд.

Дар ҷараёни семинар ба кормандони муассиса вобаста ба омилҳои пайдоиши сирояти коронавирус, чорабиниҳои пешгирӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур ва дигар масъалаҳои вобаста ба он маълумот пешниҳод карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки чунин семинарҳо вобаста ба омӯзиш ва пешгирии  сирояти коронавирус, ки он имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами соҳаи тандурустии ҷаҳон табдил ёфтааст, дар муассисаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

Айни замон ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус тамоми шӯъбаҳои муассисаи мазкур бо либосҳои муҳофизатии зидди бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ва дигар маводҳои тиббӣ таъмин мебошанд. Инчунин, бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар муассиса ситоди корӣ таъсис дода шуда, дар муассиса ҳуҷраҳои махсус барои  бистарӣ намудани беморони гирифтори бемориҳои сироятии ниҳоят хавфнок ҷудо карда шудааст.

Дар доираи нақша-чорабинии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар назди тамоми даромадгоҳҳои бинои Муассисаи давлатии “Маркази миллии тиббии Тоҷикистон “Шифобахш” маълумотнома ва тавсияҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ вобаста ба пешгирии коронавирус насб карда шудааст.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 715
  • 1,242
  • 949,735