Теъдоди сироятшудагони коронавирус дар Чин ба 40 ҳазор нафар расид

Теъдоди сироятшудагони коронавирус дар Чин ба 40 ҳазор нафар расид
Феврал 10
13:18 2020

Теъдоди гирифторони  коронавируси нав дар Чин ба 40 ҳазор нафар расид. Дар ин бора рӯзи душанбе Кумитаи давлатӣ  оид ба масъалаҳои беҳдошт ва ҳифзи тандурустии ин кишвар хабар дод.

Аз рӯи маълумоти пешниҳоднамудаи  Кумита, дар як шабонарӯз  шумораи мубталоён дар Чин ба 3062 нафар расида, қурбониёни ин беморӣ 97 нафарро ташкил менамоянд ва  ин нишондиҳанда дар маҷмӯъ 908 нафарро дар бар мегирад. 632 мариз аз беморхона раҳо гаштанд. Шумораи  умумии шифоёфтагон 3361 нафар мебошад.

64 ҳолати сироятёбии нав  дар Гонконг, Макао ва Тайван  тасдиқ гардид.

Кумитаи давлатӣ  оид ба беҳдошт  ва  тандурустии  ин кишвар  хабар додааст, ки  шумораи фавтидагон аз бемории илтиҳоби шуш, ки барангезандааш  коронавируси нав аст,  дар вилояти Хубейи Чин 8 феврал ба 91 нафар баробар шуда, то 871 нафар расидааст.

Ба маълумоти манбаъ, дар як шабонарӯз зиёда аз 2,6 нафар гирифтори ин беморӣ гардида, шумораи умумии сироятёфтагон дар вилоят  аз 29 ҳазор нафар зиёд  шудааст. 356  нафар аз муассисаҳои тиббӣ ҷавоб дода шуданд.

Ҳамин тариқ, шумораи гирифторони вирус дар Чин ба беш аз 39 ҳазор нафар расида, қурбониёни беморӣ дар қаламрави кишвар  904 нафаранд. 3281 нафар шифо ёфтаанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 3
  • 723
  • 1,242
  • 949,743