Маркази тиббии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Япония бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардид

Маркази тиббии шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати Япония бо таҷҳизоти нави муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардид
Феврал 11
11:31 2020

10 феврал дар шаҳри Душанбе маросими анҷом ёфтани лоиҳаи дастрас намудани таҷҳизоти тиббӣ барои Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов доир гардид. Лоиҳаи мазкур дар чаҳорчӯбаи Барномаи кумакҳои бебозгашти Ҳукумати Япония барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) амалӣ гардид.

Дар маросими анҷом ёфтани лоиҳа Сафири Фавқулода ва Мухтори Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюки Мияшита иштирок ва сухан гуфта, иттилоъ дод, ки аз тарафи Ҳукумати Япония барои татбиқи ин лоиҳа 89,222 доллари ИМА ҳамчун грант ҷудо гардид.

Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов ба шуъбаи акушерӣ барои нигоҳубини кӯдакони навзод ба таҷҳизоти ҳозиразамон ниёз дошт. Пас аз бомуваффақ анҷом ёфтани лоиҳа, акнун дар шуъба таҷҳизоти зарурии тиббӣ, аз қабили дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, мониторҳои тиббӣ, инкубатор, лампаи фототерапевтӣ, катҳои кӯдакона ва ғайра насб карда шуданд.

Сафир Мияшита ҳамчунин изҳор дошт, ки лоиҳаҳои Ҳукумати Япония тавонистанд дар рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла иншооти инфрасохторӣ, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ мусоидат намоянд. Лоиҳаҳои мазкур дар тақвияти минбаъдаи ҳамкории дуҷониба байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Япония нақши муҳим мебозанд.

Дар маросими анҷом ёфтани лоиҳа, дар баробари кормандони Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи Карим Ахмедов ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии шаҳри Душанбе, инчунин муовини сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Холмирзо Давлатов, роҳбари Маркази тиббии шаҳри Душанбе Хуршед Рустамов, муовинони ӯ Акрам Маҳмадхолзод ва Розия Абдусамадова иштирок намуда, ба ҳукумат ва мардуми Япония барои дастгирӣ изҳори сипос намуданд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 970
  • 1,242
  • 949,990