МАРГИ 103 НАФАР ДАР ЯК РӮЗ. Шумораи мубталоён ба вируси короно дар олам ба беш аз 43 ҳазор нафар расид

МАРГИ 103 НАФАР ДАР ЯК РӮЗ. Шумораи мубталоён ба вируси короно дар олам ба беш аз 43 ҳазор нафар расид
Феврал 11
13:04 2020

Рӯзи гузашта дар Чин аз сироят ба вируси короно 103 нафар ҷон бохтанд ва шумори фавтидагон аз ин бемории кушанда ба 1011 нафар расид. Чин расман мубталоён ба ин бемориро бештаз 42 ҳазор нафар эълон кард, омадааст дар хабаре, ки сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз нашр кардааст.

Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки Си Ҷинпин – сарвари давлати Чин дирӯз ба хиёбонҳои Пекин рафтааст ва ҳамзамон чанд соҳибмақоми давлатӣ ба ҷурми камфаъолиятӣ дар мубориза бо короно барканор шудаанд. Яке аз ин барканоршудагон намояндаи Ҳизби коммунисти Чин дар комиссияи беҳдошти вилояти Ҳубей ва раиси комиссиёни беҳдошти ин вилоят мебошад. Раиси созмони Салиби сурх дар ин минтақа низ барои камбуд дар кори мубориза бо короно ва ироаи кумакҳои эҳдоӣ аз вазифа барканор шудааст.

Ҳамзамон  Чин омори коҳиши бистдарсадаи мубталоён ба ин бемориро нашр кардааст ва мақомот мегӯянд бори дигар умедҳо барои назорати густариши вирус зинда шудааст.

Комисиияи тандурустии вилояти Ҳубей рӯзи душанбе эълон кард, ки 2097 нафар мубталоёни навро ба қайд гирифтааст, ки назар ба як рӯзи пеш (2618 нафар буд) 20% коҳиш доштааст.

Теъдоди умумии мубталоён ба беморӣ дар Чин 42 ҳазору 200 нафар эълон шудааст, ки бештар аз 75 дарсади онҳо дар дохили вилояти Ҳубей мебошанд.

Шаҳри Вуҳон, ки пойтахти ин вилоят аст ва дорои 11 миллион аҳолӣ мебошад, ҳамоно дар ҳолати карантин қарор дорад. Дар ин шаҳр кулли мактабҳо фаъолияти худро қатъ кардаанд ва ҳатто нақлиёти дохилишаҳрӣ низ кор намекунад.

Рӯзи душанбе як ҳайат аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо мақсади ҳамкорӣ бо Чин дар мавриди пешгирӣ аз густариши короно вориди Пекин шуд.

Си Ҷинпин-Раиси Ҷумҳурии Мардумии  Чин рӯзи душанбе аз мақари худ берун шудааст ва дар хиёбонҳои Пекин бо мардум дидор кардааст, дар бемористонҳо бо духтурон ва имдодгарон ҳамсуҳбат шудааст. Хабаргузориҳо мегӯянд Си Ҷинпин низ мисли дигар сокинон ниқоби муҳофизатии одӣ дошт ва дар суҳбат бо сокинон иброз намуд, ки ҳукуматаш даст ба иқдомоти ҷиддитаре хоҳад зад, то садди роҳи густариши короно шавад.

Дар дигар кишварҳои ҷаҳон низ аз афзудани сафи беморони короно гузориш расидааст. Дар Британия 4 мавриди нави мубталоёни ба ин вирус ба қайд гирифта шуда, шумори умумиро ба 8 нафар расонд.

135 нафар мусофирони киштии тафреҳие, ки дар бандари Юкуҳомои Ҷопон лангар задааст, гирифтори ин вирус шудаанд ва шумори онҳо аз рӯз ба рӯзи дигар меафзояд.

Ҷадвале, ки дар зер меояд, ҳикоят аз густариши вируси короно дар кишварҳои олам мекунад.

Вазъи густариши вируси 2019-nCoV (NCP -Novel Coronavirus Pneumonia) дар олам. Омори 11.02.2020

Кишварҳо Сироятшудагон Фавтидагон Шифоёфтагон
Чин 42912 1016 3281
Ҷопон 161 4
Сингапур 45 2
Ҳонконг 42 1
Таиланд 32 10
Ҷумҳурии Корея 28 3
Тайван 18 1
Малайзия 18 1
Ветнам 15 3
Австралия 15 5
Олмон 14
ИМА 13 1
Фаронса 11
Макао 10 1
Британияи Кабир 8
Иморати Муттаҳидаи Араб 8 1
Канада 7 2
Индия 3
Ҳинд 3
Филиппин 3 1
Русия 2
Испания 2
Белгия 1
Кампучи 1
Непал 1
Финляндия 1
Шветсия 1
Шри-Ланка 1 1
Ҳамагӣ 43102 1018 3316

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 9
  • 953
  • 1,242
  • 949,973