Шӯъбаи эҳёи калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид (АКС)

Шӯъбаи эҳёи калонсолони Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо таҷҳизоти муосир таъмин гардид  (АКС)
Феврал 14
07:59 2020

Дар Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бо ибтикори сартабиби ташаббускору соҳибтадбири он Таибидин Муҳамедов ва ҳам бо дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи меҳнатӣ, саҳмгузории соҳибкорони хайрандеши диёр ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, муҷаҳҳаз гардонидани шӯъбаҳо ба дастгоҳу таҷҳизоти ташхисиву табобатӣ, таъмиру тармим ва азнавсозии иншоотҳо бо суръат идома дорад.

Ҳар касе имрӯз аз беморхонаи мазкур, аз ҷумла аз иншооти ҳаётан муҳими ба тозагӣ азнавсозӣ ва бо таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳазгардида – бинои шӯъбаи эҳёи калонсолони беморхона дидан мекунад, ба дурустӣ ва ҳаққонияти ин иддао худ итминон ҳосил хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки ин иқдоми ободкорона бо истифода аз маблағҳои ҳисоби махсус ва дастгирию саҳмгузории соҳибкорони саховатпешаи шаҳр бо харҷи 901 ҳазор сомонӣ рӯйи кор омадааст.

Ҳаҷми умумии корҳои таъмиру азнавсозии бинои шӯъба 225 ҳазор сомонӣ буда, зимнан ба маблағи умумии 676 ҳазору 940 сомонӣ таҷҳизот, аз ҷумла 4 адад дастгоҳи нафасдиҳии сунъии тамғаи ИВЛ ба маблағи 600 ҳазору 400 сомонӣ, 3 адад кардиомонитор ба маблағи 39 ҳазор сомонӣ, 8 адад кати функсионалӣ ба маблағи 30 ҳазору 400 сомонӣ, таҷҳизоти гармидиҳанда (кондиционер) ба маблағи 9700 сомонӣ, инчунин, мизу курсиҳои корӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ харидорӣ ва дастрас карда шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони саховатпешаи шаҳр дар амалигардонии ин иқдоми ободкорона 205 ҳазору 824 сомонӣ саҳмгузорӣ кардаанд.

Бино ба гуфти сартабиби беморхонаи мазкур Таибидин Муҳамедов, давоми соли сипаришуда 15 шӯъбаи Беморхонаи марказии шаҳри Исфара, аз ҷумла шӯъбаҳои осебшиносӣ, бемориҳои асаб, ҷарроҳӣ, амрози дохила, таваллудхона, эҳёи хурдсолон, инчунин, бинои маъмурият ва маҷлисгоҳ босифат таъмиру азнавсозӣ карда шуданд.

Дар ин радиф, соли гузашта дар партави дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шӯъбаи тозабунёди ҷарроҳии Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ба маблағи умумии 81 ҳазору 838 сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти тиббӣ – дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, монитори назди кати бемор, таҳлилгари биокимиёвӣ ва ташхиси ултрасадо тақдим карда шуд, ки раванди ташхису табобати беморонро минбаъд дар ин ҷо ба маротиб саҳлу осон мегардонад.

Дар доираи “Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара оид ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ, бо истифода аз маблағҳои ҳисоби махсуси муассисаҳои тандурустӣ ва саҳмгузории соҳибкорону саховатпешагон сохтмон, таъмир ва азнавсозии 62 иншоотҳои соҳаи тандурустӣ ба нақша гирифта шуда, то ин давра 25 иншооти соҳа таъмиру азнавсозӣ гардидаанд.

Дар маҷмӯъ, давоми соли 2019 дар муассисаҳои госпиталии шаҳр ба маблағи 4 миллиону 432 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла бо маблағгузории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳилоли Аҳмари Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 миллиону 757 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозӣ, ободонӣ ва муҷаҳҳазнамоии иншоотҳои ташхисию табобатӣ сурат гирифтааст.

Ҳаҷми умумии корҳои таъмиру азнавсозӣ ва ободонӣ дар ин давра 3 миллиону 110 ҳазор сомонӣ ва маблағи барои харидории таҷҳизот сарфшуда 1 миллиону 143 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки иқдомот ва таҷрибаи самаровари роҳбарияти Беморхонаи марказии шаҳри Исфара дар самти ҳамкорӣ ва ҷалби имконияти молиявӣ ва саҳмгузории соҳибкорони муваффақу саховатпешаи диёр натиҷаи дилхоҳ дода, дар ин муддат соҳибкорони Исфара ба маблағи умумии 1 миллиону 950 ҳазор сомонӣ барои пешбурди корҳои ободонӣ ва мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии муассисаҳои госпиталии шаҳру деҳот саҳм гузоштаанд.

Аз ҷумла, бо саҳмгузории бародарон – соҳибкорони муваффақ Ҷалолов Баҳромҷон ва Бурҳонидинов Исомиддин бинои шӯъбаи бачагонаи Беморхонаи минтақавии деҳоти Чоркӯҳ бо харҷи 1 миллиону 200 ҳазор сомонӣ куллан таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз карда шуд.


– Ҳадафи мо аз пешбурди силсилаиқдомоти бунёдгарона ва пайваста мустаҳкамнамоии пойгоҳи моддию техникии иншоотҳои соҳаи тандурустӣ, сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллию давлатиамон – 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ, дар ин замина фароҳам сохтани шароити мусоид барои кормандон, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ ва дар маҷмӯъ ҳифзи сиҳатии аҳолӣ мебошад.- мегӯяд сартабиби Беморхонаи марказии шаҳри Исфара Таибидин Муҳамедов.

Айни замон дар шаҳри Исфара сохтмони 6 иншооти нави соҳаи тандурустӣ, 3 бунгоҳи тиббӣ дар ҷамоатҳои деҳоти Чилгазӣ, Навгилем ва Сурх аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва дар Маркази саломатии шаҳр сохтмони Маркази ташхисию табобатӣ бо арзиши лоиҳавии 1 млн 715 ҳазор сомонӣ идома дорад.

Дар ин бора сухангӯи шаҳрдори Исфара Иқбол Илёсзода ба moh.tj иттилоъ дод.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 7
  • 961
  • 1,242
  • 949,981