Вохӯрӣ бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус

Вохӯрӣ бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус
Феврал 18
12:06 2020

Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла сирояти коронавирус дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Хатлон бо ташаббуси Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон бо намояндагони муассисаҳои тибби хусусӣ ва ширкатҳои фармасевтии минтақаи Бохтари вилояти Хатлон вохурӣ баргузор гардид.

Қайд гардид, ки бо дастури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат ситоди ҷумҳуриявӣ вобаста ба пешгирии сирояти коронавирус  таъсис ёфтааст.

Дар рафти вохӯрӣ мутахассисони сарраёсат вобаста ба таърихи коронавирус-2019-n CoV,  роҳҳои гузариш ва қоидаҳои пешгирии он  ба ҳозирин маълумот доданд.

Тавсия дода шуд, ки дар ҳолати мушоҳида намудани аломатҳои  таби баланд, нафастангӣ ва ба ин монанд дар шаҳрвандон онҳоро ба шабакаҳои КАТС-и ҷои зисташон бистарӣ намудан зарур аст.

Дар анҷоми вохӯрӣ аз тарафи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон варақаҳои иттилооти вобаста ба пешгирии коронавирус-2019 -n CoV ба ҳозирин тақсим карда шуд.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 4
  • 743
  • 1,242
  • 949,763