Имрӯз, 20 феврали соли равон дар Муассисаи давлатии Душанбе плаза ҷаласаи нахӯстини Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи “Тандурустии рақамӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирҳамуддин Камолзода, роҳбари Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоён Н.Р., сармутахассиси соҳавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ Сайфиддинов С.Р, сардорони раёсатҳо ва дигар кормандони соҳа иштирок намуданд.
Дар ҷаласа қайд гардид, ки тандурустии рақамӣ ин истифодаи технологияи муосир ҷиҳати ҷамъоварии маълумот ва ташкил намудани алоқа барои беҳтар намудани сатҳу сифати солимии аҳолӣ мебошад. Бо истифода аз тандурустии рақамӣ метавон дар табобати беморон, гузаронидани таҳқиқотҳо, амали намудани омӯзишҳо, пайгирии беморон, арзёбӣ ва баҳодиҳии тандурустии аҳолиии кишвар ва дар умум ба дастовардҳои назаррас ноил гардидан мебошад.
Ҳадаф аз таъсис додани Шӯрои ҳамоҳангсозии татбиқи “Тандурустии рақамӣ” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани системаи миллии тандурустии рақамӣ ҷиҳати таъмини пурраи хизматрасониҳои тиббии якҷояи босифат, саривақтӣ, дастрас ва қобили истифода тавассусти фароҳамсозии иттилоот, замина, стандартҳо, таъмини махфият ва таҳлилҳои рақамӣ арзёбӣ гардид.