Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки то 24 феврали соли равон 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз 1 феврал аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шудаанд. Аз ин шумора то ба санаи 24 феврал 882 нафари онҳо аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, ҳамзамон, айни ҳол 266 нафар дар ҳолати карантинӣ қарор доранд.
Хушбахтона, то кунун дар миёни шаҳрвандони бистаришуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо, новобаста ба ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶумҳурииТоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ корҳои назоратиро пурзӯр намуда истодааст.