Муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат

Муроҷиатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат
Март 04
16:24 2020

Дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ  ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, нашр мешаванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба самъи шаҳрвандони мамлакат  мерасонад, ки хушбахтона, то имрӯз дар  кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Бинобар ин,  чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур на бояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти дурустро бирасонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ  тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд.  Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан, бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин, дар ҷойҳои серодам камтар гаштугузор намуда,  ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон, як муддат  аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта бӯсобусӣ намудан, худдорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки айни замон шаҳрвандоне, ки аз  кишварҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ,  Ҷопон, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 8
  • 982
  • 1,242
  • 950,002