Имрӯз 4 марти соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Россия, Фаронса, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Олмон, Арабистони Саудӣ, Белоруссия, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷопон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Покистон, Қатар, Туркменистон, Туркия, Британияи Кабир, Украина, Амрико, Корея Иттиҳоди Аврупо, OБCE, СММ, ва Фонди Оғохон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.
Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, ки масъалаи пешгирии сирояти коронавирус зери назорати бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Инчунин, таъкид кардид, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба вазъи сирояти коронавирус дар тамоми ҷаҳон аз Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ маълумот ба даст меоварад.
Иттилоъ дода шуд, ки то ба имрӯз 1500 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта, то санаи 4 марти соли равон танҳо 320 кас дар ҳолати карантинӣ қарор дошта, боқимонда ба хонаҳояшон рухсат дода шудаанд.
Дар идомаи вохурӣ намояндагони баъзе сафоратхонаҳо вобаста ба вазъи шаҳрвандони кишварҳои хеш, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба карантин фаро гирифта шудаанд, пурсон шуданд.
Вобаста ба масъалаи мазкур иттилоъ дода шуд, ки дар беморхонаҳои сироятии мамлакат барои он нафароне, ки ба карантин фаро гирифта мешаванд, тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки айни ҳол танҳо шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар: Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, ки ай ҳол аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ба Тоҷикистон молу маҳсулот ворид шуда истодааст, танҳо қабл аз ворид шудан ба хоки Тоҷикистон нақлиётҳо дезинфксия карда мешаванд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки бо мақсади пешгирии сирояти коронавирус дар сатҳи Ҳукумат, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои марбутаи кишвар ситоди корӣ таъсис дода шудааст.
Дар идомаи вохӯрӣ сафирон ва намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саволҳои хеш аз ҷониби роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон посух гирифтанд.