ИЗҲОРОТИ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ИЗҲОРОТИ Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Март 05
14:15 2020

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор менамояд, ки имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати тасдиқи  коронавируси 2019-nCoV ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, бояд гуфт, ки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ то ҳол коронавирусро таҳдиди байналмилалӣ барои саломатии инсон эълон накардааст.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо таассуфи зиёд таъкид менамояд, ки кирдорҳои ҷамъиятии чанд рӯзи ахир боиси нигаронии зиёд буда, бори дигар собит намуд, ки гурӯҳҳои манфиатдор аз зудбоварии мардум сӯиистифода менамоянд. Аз бозорҳо барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрока ва ба ташвишу таҳлука овардани дигарон кори ғайримантиқӣ буда, дар пешгирии коронавирус умуман манфиат надорад ва баръакс ин омил издиҳом ба вуҷуд оварда, боиси паҳншавии дигар бемориҳои сироятӣ мегардад.

Барои пешгирии вируси мазкур риояи қоидаҳои оддӣ басанда аст,  ба мисли шӯстани дастон, варзиши бадан, риояи гигиенаи шахсӣ, худдорӣ намудан аз сайругашт дар ҷойҳои серодам ва ғайра… Дар робита ба хабару овозаҳое, ки  гӯё коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба самъи шаҳрвандони мамлакат мерасонад, ки хушбахтона, то имрӯз дар ҷумҳурӣ сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Бинобар ин, чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур набояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозад. Бояд таъкид намуд, ки танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабиниҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки айни замон бо мақсади пешгирии интиқоли сирояти коронавирус, муайян намудани он ва ба карантин фаро гирифтани шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои таҳти таъсири ин вирус қарордошта ба Тоҷикистон ворид мегарданд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас амалӣ гардида истодаанд.

Айни ҳол дар фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳри Душанбе ва Хуҷанд, ки равуои шаҳрвандон асосан тариқи  хатисайрҳои ин ду шаҳр сурат мегирад, таҷҳизоти зарурӣ, ба монанди  теплавизор  ва термасканерҳо насб карда шудаанд, ки ҳар як шаҳрванде, ки аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон ворид мегардад,  тавассути онҳо гузаронида мешавад.

Бояд қайд намуд, ки ҳангоми дарёфти чунин беморон онҳо фавран дар ҳуҷраҳои махсусе, ки дар фурудгоҳҳо мавҷуданд, ҷойгир карда шуда, тавассути нақлиёти махсус ба шӯъбаҳои бемориҳои сироятӣ  интиқол ёфта, таҳти назорати табибон қарор дода мешаванд. Имрӯз тамоми сохторҳо вазифадор гардидаанд, ки тибқи Фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таҷҳизоти худро омода намоянд  ва тамоми мусофироне, ки  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз муоина  гузаронида, дар мавриди зарурӣ чораҳои иловагӣ андешанд.

Бо мақсади ошкорсозии бемории коронавирус озмоишгоҳҳои кишвар пурра омода  ва бо таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ таъмин карда шудаанд.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъала танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти дурустро бирасонанд.

Таъкид намудан ба маврид  аст, ки то ҳол шаҳрвандоне, ки аз 6 кишвар- Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон, Эрон ва Япония ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бори дигар изҳор менамояд, ки то имрӯз сирояти  коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст ва ҳамзамон аз шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал оварда мешавад, ки ба овозаҳои бардурӯғ ва дасисаву иғво фирефта нашаванд, зиндагии муқаррарии худро идома дода, танҳо ба тозагиву гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 5
  • 1,041
  • 1,242
  • 950,061