ҲАЗОРИСПАНД МЕТАВОНАД АЗ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ НАМОЯД. Чунин изҳор дошт муовини директори Институти байналмилалӣ оид ба ваксинаҳои назди СММ Михаил Фаворов

ҲАЗОРИСПАНД МЕТАВОНАД АЗ КОРОНАВИРУС МУҲОФИЗАТ НАМОЯД. Чунин изҳор дошт муовини директори Институти байналмилалӣ оид ба ваксинаҳои назди СММ Михаил Фаворов
Март 13
16:29 2020

Растании ҳазориспанд, ки аслан дар қаламрави кишварҳои Осиёи Марказӣ мерӯяд ва аз қадим барои ҳифозат аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ истифода бурда мешуд, шояд яке  сабабҳои он гардида бошад, ки дар ҳудуди ин минтақа то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз вируси тоҷдор (ё худ коронавирус, COVID-2019) ба қайд гирифта нашудааст. Ин нуктаро 13 март дар шаҳри Тошканд табиб-эпидемиологи машҳур, муовини раиси кулли Институти байналмилалӣ оид ба ваксинаҳои назди СММ, профессор Михаил Фаворов (ДАР АКС)  зимни як лексия, ки ба нишасти матбуотӣ табдил ёфт, баён дошт. 

Бино ба суханони профессор Фаворов, кишварҳое ҳастанд, ки  дар онҳо то ҳол ягон ҳолати сироятёбӣ аз COVID-2019 ба қайд гирифта нашудааст ва ба ин қатор, пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон  дохил мешаванд.

 

ДАР АКС: гармала (Peganum harmala) ё ҳазориспанди тоҷикӣ

«Мо якҷо бо ҳамкасбонамон дурудароз андеша кардем, ки сабаби ин дар чӣ бошад: шояд ҳавои хушк ё  иқлими махсус ва ё ҳазориспанд (исриқ) боис гардида бошад, рустание, ки дар қаламрави Осиёи Марказӣ мерӯяд ва аз қадим мардуми ин минтақа онро барои ҳифозат аз ҳар гунна бемориҳои сироятӣ истифода мебурданд…», — иброз дошт  Михаил Фаворов.

Зиёда аз ин, тавре профессор хотиррасон намуд, чандин аср пеш аз ин табиби машҳур Бӯали Сино ҳам ба одамон тавсия дода будааст, ки  ҷиҳати дафъи ҳар гунна бемориҳои сироятӣ манзили  зисташонро бо ҳазориспанд дуд диҳанд.

ДАР АКС: ҳазориспанд имрӯз низ дар байни мардуми Тоҷикистон маълум ва мавриди истифода қарор дорад

Дарвоқеъ, ҳазориспанд ва ё Сипанд — гиёҳи хеле машҳури мардуми Машриқзамин аст, ки дар тибби халқӣ аз замонҳои Абӯалӣ ибни Сино ва ҳатто пештар аз он машҳур будааст. Сипанд ва тухми он барои бемориҳои гуногун давои хубест. «Ҳазориспанд» маънии «ба ҳазор дард даво»-ро дорад.  Гиёҳи хушккардаи онро мардум барои дафъ кардани чашми бад дуд мекунанд. Аз ин рӯ, бо мақсади дур кардани ҳама қувваҳои бадӣ дар хони наврӯзӣ сипанд низ гузошта мешавад.

 

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 6
  • 1,041
  • 1,242
  • 950,061