КОРОНАВИРУС ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишварҳои Иттиҳод ба 263 нафар расид

КОРОНАВИРУС ДАР ИДМ. Шумораи гирифторони ин беморӣ дар кишварҳои Иттиҳод ба 263 нафар расид
Март 17
10:10 2020

Ба ҳолати субҳи 17 март шумораи гирифторони  коронавирус дар Россия ба 93 нафар, дар Арманистон ба 52, дар Беларус ба 36, дар Молдова ба 29, дар Қазоқистон ба 13 ва дар Ӯзбекистон ба 8 нафар расид. Дар Озарбойҷон ва Украина шумораи сироятёфтагон бетағйир боқӣ монда, мутаносибан 25 ва 7 нафарро ташкил медиҳад. Дар ин бора Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ хабар медиҳад.

Қаблан шумораи гирифторони коронавирус дар Россия 63 нафар, дар Арманистон — 30, дар Беларус — 27, дар Молдова — 23, дар Қазоқистон — 9 ва дар Ӯзбекистон — 6 нафар буд.

То имрӯз, дар Россия 8 нафар, дар Озарбойҷон – 6 ва дар Арманистону Молдова 1-нафарӣ аз беморхона ҷавоб шуданд. Дар Озарбойҷон ва Украина як ҳолати фавт ба қайд гирифта шуд.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи гирифторони коронавирус бетағйир боқӣ монда, 21 нафарро ташкил медиҳад, ки миёни онҳо як нафар аз беморхона ҷавоб шуд.

Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Чин (беш аз 80,8 ҳазор), Италия (беш аз 27,9  ҳазор), Эрон (беш аз 14,9 ҳазор), Испания (беш аз 9,9 ҳазор), Кореяи Ҷанубӣ (беш аз 8,3 ҳазор), Германия (беш аз 7,2 ҳазор), Франсия (беш аз 6,6 ҳазор), ИМА (беш аз 4,7 ҳазор), Швейтсария (беш аз 2,3 ҳазор) ва Британияи Кабир (беш аз 1,5 ҳазор) дохил мешаванд.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳафтаи гузашта хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард. Ҳамагӣ дар ҷаҳон беш аз 182 ҳазор нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора беш аз 7,1 ҳазор нафар вафот карда, беш аз 79,8 ҳазор кас шифо ёфтаанд ва беш аз 6,1 ҳазор тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Дигар Хабарҳо

Ҳифзи тандурустии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад

Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табассум Солимии Равонӣ

Абуали ибни Сино

Гузориши видеоӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»-ро бо мақсади муаррифии ҳамаҷонибаи иқдоми мазкур тасдиқ намуданд.

Лоиҳаҳои иншоотҳои намунавӣ

Календар

Июл 2024
Д С Ч П Ҷ Ш Я
« ஜூன்    
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031  

Саволнома

Шумораи хонандагон

  • 2
  • 722
  • 1,242
  • 949,742